Ҳикояи воқеӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 1 255
(Идома аз шумораи №47)
“Яъне, – фикр мекард ҷавон, – беҳтар аст, ки дар замири кӯдак эҳсоси хештаншиносӣ ва худтакмил булуғ кунад. Онгоҳ аз ӯ ҳатто дар сангинтарин арсаи меҳнату маърифат пирӯзии хости дилро умед дошта метавонӣ.
...Ҳа-а, ин ҳам дуруст!”.
Шилдир-шилдири ҷӯйи сарди иҳотаи чор гӯшаи ҳота ва чак-чаки ба карсон фурӯ хӯрдани зардобаи чакка, ки дар халта буд ва халта дар мелок** ва мелок дар шохи дастикӯдакраси зардолу, гӯё ӯро аз олами печидаи андеша ба дунёи рангини атроф, ки гар суст биёӣ, тан бидеҳӣ, дар пай дошт, хондандӣ, вале навмедӣ марра аст он тақотуқкорони***
ғофил аз ҳавои ойини инсонсозиро.
“Шояд ҳеҷ гуна тарбия лозим нест? Фақат худ намуна...”, – фикрашро ба поён нарасонида, ногаҳ садои баланди “оҳ” бароварда, каландро партофт Ҳасан.
– А, мардак, тинҷияй?!
Завҷааш дар ин лаҳза аз куҷое пайдо шуда.
Ӯ як зане аст бо чеҳраи зебои тоҷикӣ, ки касе бори аввал бинад, гумон мекунад, бо ин андоми нозук асло даст ба коре назанад. Аммо ба қавли ҳамсоязанҳои ҳатто аз ҳаракати кирмҳои зери замин бохабар, ӯ ҳам ба кори кӯдакистон мерасаду ҳам ба говҷӯшию нону хӯрокпазию ҷомашӯӣ.
– Камтарак саросема шудам, – пӯсти харошёфтаи ангуштонашро андаке молиш дода, аз ин тасодуфи хурд аранге хиҷолат кашида, қоматашро ором рост кард Ҳасан.
– Дар ҳами вақти кори хона кору бори мактабу маълимита фикр дорӣ-чӣ? Аз дур касе сари хамата бинад, фикр мекунад, ки ҳозир болои каланд шишта, дар ҳами рӯйи хок конспект менависӣ. Ӯ ҳарчанд зани дар замир тафаккурпарвар аст, аммо гоҳе “мурғи диламон намурад” гуфта бо шавҳар дар танҳоӣ ҳазлро раво медид. Ва Ҳасан мавридҳое ба ин мисраъҳои ғазали Хоҷа Ҳофиз, ки аслан ба Муаллими башарият (С) нигаронида шуда, васфаш мекард:
Ситорае дурахшиду моҳи маҷлис шуд,
Дили рамидаи моро рафиқу мунис шуд.
Нигори ман, ки ба мактаб нарафту хат нанвишт,
Ба ғамза масъалаомӯзи сад мударрис шуд.
Ин ишорае буд ба саводи кофии мактабӣ надоштан, аммо маслиҳатдеҳи хуб, дурандеш ва суҳбаторо будани бонуи хонадон.
Ҳоло ба ин хушгӯйи ӯ Ҳасан боз бо завқ хандид, аммо сир бой надод ва пас аз каме сукут аз ҷиддияти кораш дарак дод:
– Тухмиҳоро биёр, занак!
Суханаш “ба замин намонд”.
– Ҳозир – рӯзҳои хубтарини баҳор. Гарм шавад, дигар Худо медонад, ки зироатҳо аз замин яксара мебароянд, панҷа мезананд ё не, – аз паси завҷааш оҳиста гуфт ӯ ва нигоҳаш ба дами тези каланд бархӯрд. Ин секунҷаоҳани беҷон, вале ба гуфти падари ҳама умр деҳқонаш, “барои ҳар як мард зарур” пойҳои ӯро чандин бор хуншору ҷароҳатдор карда.
Кунун киштии андешаҳояш аз он самте шино кардан дошт, ки ӯ аз кӯдакӣ афтидаю хеста, рӯ ба меҳнат оварда, ҳатто корзада шуда, то ҷавонӣ расида буд.
Мисли имрӯз овои “оҳ” дардода, 18 баҳор пеш каландро охирон бор аз даст раҳо карда буд Ҳасан.
Гузаргоҳаш аз обсамти одӣ не он сафинаро, обмӯрии танги хиҷолату камолоти ӯро мезад тай, хотираҳои нимфаромӯшашро мекард ҳай.
– Ҳа, бача?! – бонг зада буд падар.
– Поямро бурид, – каландеро, ки солҳои баъд, яъне чун хонадор шуд ва ба хонаи алоҳида кӯч баст, падар туҳфааш кард, бо ишораи чашмон нишон дод Ҳасан.
– Бачам, – ба хати сурху чуқури болои се ангушти Ҳасан нигариста, гуфт падар, – корро аз аввал ҳалол иҷро мекардӣ, ба ин њол гирифтор намешудї.
Ин ишораи падар ба он буд, ки ӯ замини таги боғро рӯ-рӯ нарм карда, кулӯхҳояшро ордвор набехта, гурехта, назди ҷӯраҳояш барои бозӣ рафта.
“Аз сар нағз каланд зан! Ҳамин замин аст, ки шиками ҳамаамон – як оилаи калон сер, танамон пӯшида аст!.. Э, хайр, калон шавӣ, баъд мефаҳмӣ!” , – соате пеш хашм гирифта буд падар.
(Идома дорад)
Муродиён Зокири Ҳасан,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон