Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Фарогирии беш аз 173 ҳазор наврас ба лагер


Фарогирии беш аз 173 ҳазор наврас ба лагер



Тибқи таҳлили коршиносон ва масъулони соҳа ба оворагардӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатлуб даст задани наврасону ҷавонон дар давраи таътили тобистона нисбати давраи таҳсил бештар ба қайд гирифта мешавад. Зеро дар ин давра аксаран наврасону ҷавонон аз таҳсил озод буда, вақти холигии зиёд доранд. Ин боис мешавад, ки баъзеи онҳо аз назорат дур монда, ба амалҳои номатлуб дода шаванд. Инро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи таътил барои наврасону ҷавонон лагерҳои тобистонаро дар назди муассисаҳои таълимӣ ва осоишгоҳҳо бо масъулгардонии сохторҳои марбута ташкил мекунад. Ба ҳолати имрӯз яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон фарогирӣ ва ташкили босифати лагерҳои мактаббачагон маҳсуб меёбад.


Коршинос Сабрина Ғаффорова бар он назар аст, ки баъзан лагерҳои наздимактабӣ танҳо барои саргарм кардани хонандагон ба шуғле гузаронида шуд. Яъне сифати гузариши машғулиятҳо, истироҳат, хӯрокхурӣ ва дигар омӯзишу бозиҳо дар сатҳи даркорӣ нест. Дар қисмате аз муассисаҳои таълимӣ лагерҳои мактаббачагон то ҳадде сарсарӣ ташкил ва баргузор мегардад, ки пурра ба талабот ҷавобгӯ нест. Аммо аз ҳеҷ дида, беҳтар аст.

Сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Хатлон Давлат Сафар ин гуфтаро пурра инкор карда, гуфт, ки нисбат ба солҳои қаблӣ ташкил ва гузаронидани лагерҳои мактабӣ беҳтар аст. Зеро дар ташкили лагерҳои мазкур на танҳо мактаб, балки худи волидон ҳавасманд мебошанд ва бевосита дар ҳамкорӣ ҳастанд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани лагерҳо қарори раиси вилояти Хатлон таҳти №119 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2021” қабул шуда, дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят мавриди иҷроиш мебошад. Дар ин асос имсол бояд 173 ҳазору 320 нафар кӯдакону наврасон ба лагерҳои наздимактабӣ, майдончаҳои варзишӣ, бошишгоҳҳои саҳроӣ, назди муассисаҳои интернатӣ, томактабӣ ва истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмасаидзода гуфт, ки беш аз 3 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба басти аввали лагерҳои наздимактабӣ ҷалб гардиданд. Дар назди муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо аллакай басти якум гузаронида шуд. Басти дуюм низ дар сатҳи лозима анҷом ёфт. Дар басти сеюм хонандагони фаъол, фарзандони омӯзгорон ба лагерҳои беруназшаҳрӣ фиристода мешаванд. Бояд гуфт, ки дар ташкили лагерҳои наздимактабӣ буҷаи маҳал ва маблағи дастгирии волидон истифода гардид. Инчунин, аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ маводҳои хӯрокворӣ, ба монанди картошка, пиёз ва дигар сабзавот кумак карда шуд.

- Дар назди 2 муассисаи томактабӣ 322 нафар, 5 муассисаи таълимӣ 125 нафар, 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 2630 нафар кӯдакону наврасон фарогир шуда, дар басти сеюм омӯзгорон бо ташаббуси худ фарзандонашонро иловатан ба лагерҳои беруназшаҳрӣ равон намуда истодаанд, ки фарогирии хонандагон ба лагерҳои беруназшаҳрӣ аз нақша зиёд мешавад, - афзуд Ш. Маҳмасаидзода. 

Аз шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус иттилоъ дода шуд, ки дар назди 8 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 500 нафар аз ҳисоби падару модарон ва буҷаи маҳал, назди 1 муассисаи интернатӣ бо ҷалби 40 нафар бо додани хӯрок ва 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 1075 нафар истироҳатгоҳҳои фароғатӣ – таълимӣ бе додани хӯрок бо давомнокии 3 соат ташкил гардид. Илова бар ин, дар бастҳои дуюм ва сеюм фарогирии наврасон ба лагерҳо, хусусан синфҳои аз 4 боло идома дорад. 

Ба иттилои манбаъ, ҳамасола дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора”-и шаҳри Кӯлоб, ки дар ноҳияи Муъминобод фаъолият дорад, кӯдакону наврасон фаро гирифта мешуданд. Имсол бошад, бо сабаби маблағ ҷудо нагардидан барои таъмиру тармими истироҳатгоҳи “Шарора” ҷалби наврасон дар басти сеюм ба лагери ин ҷо ғайриимкон мебошад.

Муҳаммад Шерализода, омӯзгор аз ноҳияи Қубодиён гуфт, ки лагери имсолаи наздимактабӣ аз солҳои гузашта фарқкунанда мебошад ва агарчи хонандагони зиёдро барои иштирок дар лагерҳо ба нақша гирифтаанд, аммо иштироки кӯдакону наврасон камтар буд. Зеро аксаран дар ноҳияҳои кишоварзӣ наврасон ба кумаки хонаводаи худ ба корҳои саҳро ҷалб гардидаанд ва қисми дигарро бо сабаби хуруҷи бемории ҳамагири коронавирус иҷозат надоданд. 

Ба иттилои масъулини Раёсати маорифи вилоят як қатор осоишгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят амал мекунанд, ки аксаран хонандагон ба ин осоишгоҳҳо ба лагерҳои беруназшаҳрӣ ҷалб гардиданд. Хусусан осоишгоҳи “Шифобахш”-и ноҳияи Вахш “Офтобак”-и шаҳри Норак, “Насими Фархор”-и ноҳияи Фархор ва амсоли ин дигар осоишгоҳҳо амал мекунанд ва дар басти сеюм кӯдакону наврасон фаро гирифта мешаванд. Ғайр аз ин, наврасон ба осоишгоҳҳои шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб бештар сафарбар гардида истодаанд. 
 
С. АЗИЗЗОДА, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода