Иқтидори истеҳсолии НБО “Норак” афзоиш меёбад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 1 144
Баъди пурра ба анҷом расонидани корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» иқтидори лоиҳавии неругоҳ 8-10 фоиз афзоиш ёфта, аз 3000 МВт то 3300 МВт расонида мешавад. Ҳамчунин истеҳсоли неруи барқ низ афзоиш ёфта, муҳлати истифодаи таҷҳизот зиёд мегардад.
Муовини якуми раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Маҳмадумар Асозода зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки вобаста ба маблағгузории марҳилаи 2-юми лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд 50 миллион доллари ИМА ҷудо гардид. «Лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» асосан дар НБО-и «Норак», дар ҳудуди шаҳри Норак амалӣ шуда истодааст», - афзуд М. Асозода.