ЗИ НОРАК ТОҶИКИСТОН НУР ГИРАД
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 11 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 972
Мардуми шаҳри Норак ид дорад. Онҳо 60-солагии таъсисёбии шаҳри азизи худро таҷлил менамоянд. Дар чеҳраи ҳар сокини он шодиву фараҳ ва хурсандиро дидан мумкин аст. Хурсандӣ ва қаноатмандии мардум аз он аст, ки заҳмати онҳо барабас нарафта, имрӯз Норак ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи саноатӣ табдил ёфта, хеле ободу зебо гардидааст.
Коргарон ва истифодабарандагони Неругоҳи барқи обии “Норак” низ аз ин ҷашнвора ифтихор доранд. Зеро оғози сохтмони неругоҳ бо таъсиси шаҳр қариб дар як вақт ба вуқӯъ пайвастааст. Пӯшида нест, ки яке аз сабабҳои таъсисёбии шаҳр ин сохтмони неругоҳи азими обӣ буд.
14 ноябри соли 1972 ҳамчун санаи муҳим дар сафҳаи таърихи неругоҳ ва умуман ҷумҳуриамон бо хатти зарҳалин сабт гардид. Дар ин рӯз агрегати аввалини неругоҳ ба кор даромад ва то имрӯз неругоҳ бе нуқсон фаъолият намуда, ба сокинони ҷумҳурӣ нуру зиё мебахшад. Мо-энергетикҳо, хушнудем, ки ин вазифаи хеле муҳимро ба зимма дорем ва ба халқи худ хизмат мерасонем.
Тавассути фаъолияти пурсамари муҳандисиву техникӣ ва низоми хуби кори агрегатҳо аз соли 1972 то имрӯз ба қадри беш аз 466 миллиарду 537 миллиону 404 ҳазору 430 кВт -соат қувваи барқ истеҳсол шуд.
Тибқи Лоиҳаи барномарезишудаи таҷдиди НБО “Hoрак” гидроагрегатҳои куҳна ба нав иваз хоҳанд шуд. Инчунин, трансформаторҳои қуввагӣ, ки барои танзими неруи барқи истеҳсолшуда истифода мешаванд ва дигар таҷҳизот иваз карда мешаванд.
Мувофиқи маълумоти қаблӣ, иқтидори НБО “Норак” пас аз таҷдид 12 фоиз афзуда, ба 3375 мВт мерасад.
Фаъолият ва ҷидду ҷаҳди коргарон баҳри таъмини кори мураттаби неругоҳ аз ҳарвақта дида хубтару беҳтар аст. Кормандони муҳандисиву техникӣ Раҷаб Довудов, Файзулло Саидов, Беҳрӯз Набиев, барқчиёну челонгарон Насриддин Достов, Ҷамшед Бобиев, моделсоз Баҳром Сабзалиев ва бисёр дигаронро ном бурдан мумкин аст, ки бо фаъолияти меҳнатиашон сазовори эҳтироми баланд гардидаанд.
Коргарон ва истифодабарандагони муассиса барои кори мураттабу бенуқсони неругоҳ ҷидду ҷаҳд намуда, корҳои зиёди таъмири нақшавии агрегатҳо ва азнавсозии таҷҳизоти неругоҳро пеш аз муҳлат ба анҷом расонданд. Ҳамаи ин тадбирҳо имкон фароҳам меоранд, ки бо барқ таъмин будани кишвар афзунтар ва хароҷоти технологии неруи барқ камтар шавад. Мо-коргарон ва истифодабарандагони неругоҳ дар давраи зимистон кӯшиш мекунем, ки ҳар як кВт-соат неруи барқ мақсадноку манфиатнок истифода шавад.
Фазлиддин Шоидинов,
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори НБО-и Норак ба номи Т. Улҷабоев
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
17-01-2021, 09:05