Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » «Хатлон» ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ ёфт


«Хатлон» ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ ёфт



Бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор гардиданд. Дар ин давр, дастаи «Хатлон» тими «Регар-ТадАЗ»-ро бо ҳисоби 6:3 мағлуб намуда, ба даври 1/4  ниҳоӣ роҳхат гирифт.

Бозии дастаҳо 31 июл, дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода баргузор гардид. Аллакай дар қисми аввали бозӣ ҳамлагари дастаи “Хатлон” Суннатулло Исмоилов дарвозаи рақибонро 3 маротиба (дар дақиқаҳои 17, 29 ва 38-ум) рахна намуда, дар номи худ хет-трик сабт намуд. Бо иловаи голи задаи Комронҷон Исмоилов (дақиқаи 24-ум) қисми аввал 0:4 пушти сар гардид.

Ду голи дигари дастаи “Хатлон”-ро Фирдавс Алиназаров (дақиқаи 48-ум) ва Жан Гатен (дақиқаи 74-ум) ба ҳадаф расониданд. Дар қисми дуюми рақобат мизбонон низ тавонистанд 3 маротиба тӯбро вориди дарвозаи “Хатлон” намоянд.

Ҳамин тариқ, дастаи “Хатлон” дар даври 1/4 ниҳоӣ бо дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд рақобат мекунад.

Бояд гуфт, ки дар ин давр вилояти Хатлонро 7 даста намояндагӣ мекард. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб тими “Ҳулбук”-и Восеъро бо ҳисоби 1:3 шикаст дода, “Файзканд”-и Восеъ бар дастаи “Моҳир”-и Ёвон бо ҳисоби 0:1 ғалаба ба даст оварда, роҳхати даври минбаъдаро гирифтанд. Тими “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ бо ҳисоби 5:1 аз дастаи КМВА ва “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ аз тими “Эсхата” бо ҳисоби 3:0 шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуданд.  

Тибқи маълумоти ФФТ даври 1/8 ниҳоӣ ва 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо як бозӣ ҷамъбаст гардида, даври ниманиҳоӣ аз ду рақобат (бозии хонагӣ ва сафарӣ) иборат мебошад. Дар назар аст, ки имсол бозии финалии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.
 
Далер Ибодуллозода, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода