Агар хоҳед, ки солим бошед…
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 1 574
Бемории COVID-19, ки боиси ташвиши оламиён гардидааст, дар ҷумҳурии мо аз нав хуруҷ кард. Чӣ бояд кард, ки худ ва дигаронро аз ин беморӣ ҳифз намоем. Мувофиқи дастури мутахассисони соҳаи тиб, пеш аз ҳама, риояи қоидаҳои гигиенӣ-санитарӣ мебошад, ки борҳо сари ин мавзӯъ тавассути матбуот ва радиову телевизион баромад намуда, роҳҳои пешгирии ин бемориро гӯшрас намудаанд. Пеш аз ҳама риояи тозагӣ: шустани дастҳо бо собун, пок намудани дастҳо бо маҳлули антисептикӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ, дурӣ гирифтан аз якдигар дар масофаи 1,5-2 метр, пӯшидани ниқоб, ҳангоми сулфа пӯшидани даҳону бинӣ бо остини курта, оби даҳон накардан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, барои сироят накардани дигарон дурӣ ҷустан аз шахсони солим.
Мутаассифона, чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳад, бо вуҷуди таъкидҳои чанддафъаина имрӯз ҳолати бепарвоӣ зоҳир намудан нисбати ин бемории хатарзо аз тарафи аҳолӣ ба назар мерасад. Яъне, аксарият вазъияти баамаломадаро ба инобат нагирифта, ба қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ ва дастурҳои мавҷуда риоя намекунанд ва бо ин амали ноҷои худ ҳаёти худу дигаронро зери хатар мегузоранд. Мо танҳо дар якҷоягӣ, ҳамдастӣ метавонем ин вабои асрро барҳам занему худу дигаронро солим нигоҳ дорем. Амали якҷояи мо давоми соли гузашта, бар зидди коронавирус дурустии ин суханро тасдиқ менамояд. Бо шарофати ҷидду ҷаҳди умум давоми зиёдтар аз панҷ моҳ дар ҷумҳурии мо ягон нафар бемори коронавирус ба қайд гирифта нашуд. Вале бо сабаби рафтуомади мусофирон ба хориҷи кишвар беморӣ аз нав пайдо гардид.
Хушбахтона, бо ҷидду ҷаҳди олимону мутахассисон имрӯз ваксина (доруи пешгирикунандаи бемории коронавирус) пайдо карда шуд, ки он метавонад аҳолиро аз бемории коронавирус ҳимоя намояд ва ҳадди ақал бемориро хеле сабук гузаронад.
Дар ҷумҳурии мо низ бо дастгирии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ваксина ворид гардид, ки аллакай қисмати шаҳрвандон онро қабул намуданд.
Чуноне аз тавсияи олимону мутахассисон бармеояд, ҳар нафари синнаш аз 18 боло бояд ваксинаи зидди коронавирусро қабул намояд. Ба занони ҳомила дар сурате тавсия дода мешавад, ки фоидаи ваксина аз зарари эҳтимолӣ зиёд бошад. Занони ширдеҳ метавонанд, ки баъди гирифтани ваксина ширмакониро идома диҳанд.
Ваксинаи намуди «Модерна»-ро, ки айни замон ворид гардидааст, ҳар нафари аз 18- сола боло метавонад қабул намояд. Ягона роҳи пешгирии беморӣ ва барҳам задани хатари бемории коронавирус гузаронидани ваксина аст.
Алихон АЗИМОВ, директори Маркази
иммунопрофилактикаи ноҳияи Восеъ