Умре дар хизмати Ватан
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо, Боздид 1 722
Мусулмонқул Ҷӯрақулов, сокини шаҳраки Шаҳритус, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фахрии ҷамъияти «Дониш»-и собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, нафақагир барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Гарчанде синнаш ба 88 расида бошад ҳам, бо рӯзномаи ноҳиявии «Субҳи Шаҳритус» пайваста ҳамкорӣ мекунад.
Мақолаю гузориш, лавҳаю хабарҳои дар нашрияи ноҳиявӣ бачопрасонидаи ин пири хирадманд ҷолибу хонданбоб буда, аз кору фаъолияти шахсони арзандаю обрӯманди ноҳияҳои Шаҳритусу Носири Хусрав ва Қубодиён ҳикоят мекунанд.
М.Ҷӯрақулов ҳанӯз дар синни 6-солагӣ, вақте ки дар мактаби ҳафтсолаи №7, воқеъ дар деҳаи бостонии Сайёди собиқ колхози «Коммунаи Ленин», ба таҳсил шурӯъ менамояд, дар дил орзуи рӯзноманигор шуданро мепарварад. Ӯ ҳанӯз аз овони мактабхониаш дар рӯзномаи ноҳиявӣ, ки он солҳо бо номи «Шарқ Ёруғи» нашр мешуд, пай дар пай хабару мақолаҳояшро ба чоп мерасонд.
Баъди хатми синфи 7-ум ӯро барои идомаи таҳсил ба мактаб-интернати ба номи Н.Крупскаяи ноҳияи Ҳисор мефиристанд. Соли 1953 пас аз хатми бомуваффақияти синфи 10-ум ба ноҳияи Шаҳритус баргашта, тӯли се сол дар вазифаи ходими адабии рӯзномаи «Шарқ Ёруғи» ва солҳои 1956-1958 дар мактаби 7-солаи ба номи М. Горкийи колхози Ленингради ноҳияи Шаҳритус ба ҳайси омӯзгори фанҳои забону адабиёти тоҷик фаъолият намудааст.
М.Ҷӯрақулов дар давоми солҳои 1958-1962 дар рӯзномаи ноҳиявии «Шарқ Ёруғи», «Коммунизм учун» вазифаҳои ходими адабӣ, мудири шуъбаи мактубҳо, мудири шуъбаи кишоварзӣ, котиби масъул, мудири шуъбаи ҳизбӣ ва вазифаи ҷонишини муҳаррири рӯзномаро ба уҳда дошт. Солҳои 1962-1964 дар рӯзномаи мазкур, ки баъдтар ба «Октябр» ивази ном намуд, сармуҳаррир таъйин гардид.
Қобилияти ташкилотчигиву ҷаҳонбинии васеъ ва садоқати бепоёни М.Ҷӯрақуловро ба ҳизбу давлат ба назар гирифта, соли 1964 ба вазифаи котиби комитети ҳизбии ноҳияи Шаҳритус (он солҳо ноҳияҳои Носири Хусраву Қубодиён ҳам дар ноҳияи Шаҳритус муттаҳид буданд) интихоб менамоянд. Ӯ тӯли 20 сол дар ин вазифаи масъул бенуқсон ва садоқатмандонаю софдилона кору фаъолият намуда, ба эҳтироми ҳамагон сазовор гардид.
Мусулмонқул Ҷӯрақулов баъдан, 7 сол ба ҳайси раиси кумитаи назорати халқии ноҳияи Шаҳритус, 4 сол директори омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №72-и ноҳия, аз соли 1995 то соли 2004 дар вазифаи директори китобхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус кору фаъолият намуда, бо қобилияти хоси роҳбариаш дар рушди соҳаҳои гуногуни ноҳия ҳиссаи босазо гузоштааст. Ӯ дар ҳар вазифаю мансабе, ки фаъолият намудааст, кору пайкори хешро бо дили софу нияти нек, виҷдони пок, меҳри беандоза нисбати халқу меҳан оғозу анҷом бахшидааст.
Хизматҳои шоёни ин фарзанди барӯманди халқу Ватан бо ордену медалҳо, Ифтихорномаю Сипосномаҳои зиёд қадршиносӣ карда шудааст. Устод Мусулмонқул Ҷӯрақулов ба пиронсолагиаш нигоҳ накарда, имрӯзҳо баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни аҳолии ноҳия бо сухан ва ҳам бо қалам корҳои тарғиботию ташвиқотӣ мебарад.
Ба устоди сухан Мусулмонқул Ҷӯрақулов тансиҳатию хонаободӣ ва ҳама хушиҳои рӯзгорро таманно менамоем. Монда набошед, устод!
Ҳ. Нуриддинзода