М. Ҷӯрақулов: “Аз Пешвои миллат ва раиси вилоят миннатдорам”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 771
- Дуогӯям, ки ҳамеша Тоҷикистонамон ободу пешрафта, мардумаш осудаву хушрӯзгор бошанд, - даст ба дуо бардошт пири хирад, собиқадори меҳнат Мусулмонқул Ҷӯрақулов зимни суҳбат бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода.
Имрӯз раиси вилоят, тибқи анъана, ба аёдати ин сокини 88-солаи ноҳияи Шаҳритус рафта, суҳбати самимӣ анҷом дод.
Мусулмонқул Ҷӯрақулов дорои ду маълумоти олӣ (агроном ва журналист) буда, фаъолияти меҳнатиашро соли 1953 аз идораи рӯзномаи ноҳиявии "Шарқ ёруғи" оғоз кардааст. Солҳои 1962-1964 сармуҳаррири ин рӯзнома буд. Баъдан, 20 сол (то соли 1984) котиби комитети ҳизби коммунистӣ, раиси комитети назорати халқии ноҳияи Шаҳритус (1984-1991) буд.
Солҳои 1991-2004 директори омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №72, солҳои 2004-2008 ба ҳайси директори китобхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус фаъолият кардааст.
Раии вилоят Қурбон Ҳакимзода аз заҳматҳои бисёрсолаи Мусулмонқул Ҷӯрақулов, ки бо ордени "Байрақи сурхи меҳнат", нишони фахрии "Байрақи сурх", медали "Шуҷоат", ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва комитети назорати халқии ИҶШС сарфароз гардонида шудааст, ёдовар гардида, барои фаъолияти пурмаҳсул, тарбияи фарзандон ва шогирдони сазовор миннатдорӣ баён намуд.