Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Сатҳи ошкорсозии ҷиноят дар вилоят 86,3 фоизро ташкил дод


Сатҳи ошкорсозии ҷиноят дар вилоят 86,3 фоизро ташкил дод




Имрӯз дар прокуратураи  вилояти Хатлон нишасти матбуотии прокурори вилояти Хатлон Икром Зоирзода бо намояндагони ВАО вобаста ба вазъи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар вилояти Хатлон баргузор шуд.

Ба иттилои ӯ, дар доираи назорати умумии прокурорӣ 1 809 санҷиш гузаронида шуда, 38 ҳазору 881 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 2 ҳазору 406 адад мебошад. 

Дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин 154 санҷиш гузаронида шуда, 6 ҳазору 151 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардидааст. Дар натиҷа, 494 парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.

Оид ба иҷрои қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" аз ҷониби прокуророн барои бекор кардан ва ба қонун мутобиқ гардонидани 629 қарору амрҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят эътироз ва пешниҳод оварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117 адад зиёд мебошад.

Дар самти мубориза бо коррупсия 466 ҷинояти хусусияти коррупсионӣ ошкор гардида, 380 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ҳамзамон, 28 млн. сомонӣ зарари ошкоршуда муайян ва барқарор карда шудааст.

Прокуратураи вилояти Хатлон оид ба таъмини қоидаҳои истифодабарии қувваи барқ 87 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи он 3 ҳазору 647 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор карда, дар натиҷа 808 амр, 41 эътироз ва 142 пешниҳод оварда шуда, нисбати 310 нафар истеҳсолотӣ интизомӣ, 2 639 моддӣ, 616 нафари дигар маъмурӣ оғоз гардида, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 102,6 миллион сомонӣ зарар барқарор карда шуда, 89 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. 

Икром Зоирзода, прокурори вилоят таъкид намуд, ки дар ин давра назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба ноболиғон ва ҷавонон диққати махсус дода шуда, дар ин давра 166 санҷиш гузаронида 5 ҳазору 781 қонунвайронкунӣ  ошкор гардидааст. Дар ин давра аз ҷониби ноболиғон ва бо иштироки инҳо дар ҳудуди вилоят 210 ҳолати ҷиноят аз ҷониби 278 нафар содир шудааст.

Ҳамзамон, ҳолатҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он низ нигаронкунанда буда, дар давраи таҳлили 139 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 72 нафар мард ва 67 нафар зан буда, аз шумораи умумӣ 47 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд. 

Сатҳи ҷинояткорӣ дар муқоиса бо соли гузашта 2,6% афзоиш ёфта, дар умум 6 ҳазору 621 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Кушодашавии ҷиноятҳо 86, 3 фоизро ташкил медиҳад. 

Комрони Бахтиёр,
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода