КОМИССИЯИ ОЛИИ АТТЕСТАТСИОНӢ: НАҚШИ КАЛИДӢ ДАР РУШДИ ИЛМ ДАР ТОҶИКИСТОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки илм ва инноватсия яке аз рукнҳои асосии рушди устувори давлатҳо ба ҳисоб меравад, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА) вазифаи калидӣ дар самти танзим ва рушди низоми илмӣ дар кишварро ба уҳда дорад.
Низоми муассир ва рушдёбандаи аттестатсия
КОА дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014, №255 таъсис ёфта, ҳадафи асосии он, такмили низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ, техникии тахассуси олӣ мебошад. То имрӯз зиёда аз 3151 парвандаи аттестатсионӣ барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ ворид гардида, 2637 парванда тасдиқ шудааст. Ин нишондиҳанда шаҳодати фаъолияти пурсамари Комиссия ва тадриҷан рушди низоми аттестатсия дар кишвар аст. Мувофиқи омори пешниҳодшуда, то имрӯз дар ҷумҳурӣ 85 шурои амалкунандаи диссертатсионӣ мавҷуд аст, ки 99-то таъсис ва 14-то аз фаъолият боздошта шудааст.
Илова бар ин, таъсиси махзани ягонаи мавзуъҳои илмӣ бо зиёда аз 3000 мавзуъ яке аз иқдомҳои муҳим дар пешгирии такроршавии мавзуъҳои таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани арзиши илмии таҳқиқотҳо мебошад.
Ҷараёни баррасии диссертатсияҳо ва назорати сифати онҳо
Аз шумораи умумии 3151 диссертатсия, 238-то (7,6%) ба ҳимояҳои якдафъаина рост меояд. Сатҳи ниҳоии тасдиқ –2637 парванда, аз ҷумла 243 доктори илм, 2157 номзади илм ва 237 доктори фалсафа (PhD) мебошад.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати диссертатсияҳо, барномаи "Антиплагиат" барои ташхиси асолати матни диссертатсия ва авторефератҳо ба таври маҷозӣ истифода бурда мешавад. Дар ин раванд, 1932 диссертатсия санҷида, ба 16,5% онҳо тавсияҳои методӣ дода шудааст.
Дар ин давра таҳияи намунаи нави диплом ва шаҳодатномаҳо бо рамзи QR ва қабули як қатор санадҳои меъёрии нав барои рушди инфрасохтори илмию ташкилотии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Нақши занон ва ҷавонон дар илм
Аз оғоз то имрӯз 845 зан дараҷаи илмӣ ба даст овардаанд, ки 312 нафар (36,9%)* аз онҳо то 35-сола мебошанд. Дар баробари ин, синну соли миёнаи докторони илм 64, номзадони илм – 50 ва докторони PhD – 31 сол муайян шудааст. Ин омор нишонаи иштироки фаъоли насли ҷавон ва занон дар рушди илми кишвар мебошад.
Нашрияҳои илмӣ ва феҳристи тақризшаванда
Дар самти таҳия ва мониторинги маҷаллаҳои илмии тақризшаванда Комиссия пайваста фаъолият мекунад. Айни ҳол 66 маҷалла аз 44 муассиса, аз ҷумла 4 маҷаллаи хориҷӣ, дар феҳрист шомил шудаанд. Мониторинги доимӣ, азнавбақайдгирии маҷаллаҳо ва таҳияи рейтинги илмӣ воситаи муҳимест барои таъмини сифати интишороти илмӣ.
Ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ
Комиссия бо роҳандозии семинару ҷаласаҳо дар вилоятҳо ва бо иштироки муассисаҳои илмӣ, ба монанди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва дигарон - ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти соҳа ва татбиқи сиёсати ягона дар аттестатсия корҳои машваратӣ ва тавзеҳотӣ анҷом додааст.
Аз ҷумла, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ бо олимони хориҷӣ, нашри мақолаҳои муштарак ва истифодаи экспертҳои беруна дар баҳодиҳии диссертатсияҳо аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти КОА арзёбӣ мегардад.
Хулоса
Бо дарназардошти натиҷаҳои назаррас метавон ба хулосае омад, ки Комиссияи олии аттестатсионӣ зери роҳбарии профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин дар роҳи ҷорӣ намудани низоми таҳқиқоти илмии шаффоф, самаранок ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир қадамҳои устувор мегузорад.
Комрон РАСУЛЗОДА,
“Хатлон”
номзади илмҳои филологӣ
Аз “Хатлон”: Аҳли эҷоди рӯзнома кормандони КОА-ро бо 11-солагии таъсисёбии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо барору комёбӣ таманно менамоянд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...