Омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 177
![]()
Тибқи иттилои мутахассиси Раёсати маорифи вилояти Хатлон Наврӯз Шодизода, барои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода қарорҳои дахлдор тасдиқ ва амалӣ гардида истодаанд. Қарори мушовараи Раёсати маориф аз 2 майи соли 2025 таҳти №4/22 ҷиҳати татбиқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 24 апрели соли 2025 таҳти №94 дар доираи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025 таҳти № 218 қабул гардида, дар он тадбирҳо барои омодасозии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026 пешбинӣ шудаанд.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда гурӯҳҳои кории Раёсати маориф ва мақомоти шаҳру ноҳияҳо ташкил ёфта, ҳамарӯза раванди омодагии муассисаҳои соҳаи маорифро назорат ва арзёбӣ менамоянд.
Мувофиқи иттилои пешниҳодшуда, талаботи муассисаҳои маорифи вилоят барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026, дар маҷмуъ, 13326 тонна ангишт, 23471 метри мукааб ҳезум ва 88471 литр сӯзишвории дизелӣ бо дарназардошти бақияи мавҷудаи соли гузашта муайян шудааст. Ба ҳолати 28 июли соли 2025-ум 2241 тонна ангишт, 2705 метри мукааб ҳезум ва 300 литр сӯзишвории дизелӣ захира гардида, корҳо барои таъмин намудани ҳаҷми пурраи маводи зарурии гармидиҳӣ идома доранд.
Дар самти омодагӣ, аз ҷумла маълум гардид, ки талаботи муассисаҳои таълимии ноҳияи Хуросон 663 тонна ангиштро ташкил дода, ба ҳолати 28 июли соли 2025-ум 356 тонна ангишт, баробар ба 54 фоиз, таъмин гардидааст. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ талабот ба 1200 метри мукааб ҳезум баробар буда, то санаи зикршуда 1447 метри мукааб ё 121 фоиз таъмин шудааст.
Дар ноҳияи Данғара талабот ба 789 тонна ангишт буда, аз он 362 тонна ё 46 фоиз таъмин гардидааст. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ аз 558 метри мукааб ҳезуми зарурӣ то ба имрӯз 220 метри мукааб ё 39 фоиз захира шудааст.
Ба гуфтаи Наврӯз Шодизода, дар муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят барои мавсими дарпешистода 6476 адад гармкунакҳои барқӣ, 17732 адад печҳои аловӣ ва дигар намуди дастгоҳҳои гармидиҳӣ омода гардида, истифодаашон дар назар аст. Ҳамзамон, шишабандии дару тирезаҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои амалӣ дар ин самт идома доранд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, интернатҳо, литсейҳо ва мактабҳои президентӣ низ корҳои омодагӣ ба мавсим оғоз гардида, захираи маводи ғизоӣ аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, картошка, пиёз, сабзӣ ва қуттиҳои консерва тибқи нақша роҳандозӣ шуда, масъулон дар ин самт кор бурда истодаанд.
С. АЗИЗЗОДА, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...