Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ОҒОЗИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ДӮСТИИ ҶАВОНОН-2025" АЗ ШАҲРИ НОРАК


ОҒОЗИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ДӮСТИИ ҶАВОНОН-2025" АЗ ШАҲРИ НОРАК




Субҳи 16 июни соли 2025 шаҳри Норак нахустин мизбони Фестивали ҷумҳуриявии “Дӯстии ҷавонон - 2025” гардид. Иштирокчиёни фестивал, беш аз 120 нафар ҷавонони фаъоли кишвар дар фазои идона ва самимӣ аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Норак ва сокинони маҳаллӣ пешвоз гирифта шуданд.

Баъди маросими расмии пешвоз, дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак Конференсияи ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони “Мактабии сулҳофарии Пешвои миллат - роҳнамои мо, ҷавонон” баргузор гардид. Дар он масъалаҳои муҳими ватандӯстӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ ва нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар идома, иштирокчиёни фестивал аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва табиии шаҳри Норак боздид ба амал оварда, бо иқтидори сайёҳии минтақа шинос шуданд. Аз ҷумла, боздид аз ҶДММ “Боғи анор” ҳамчун яке аз боғҳои намунавии шаҳри Норак таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб кард. 
Фестивали “Дӯстии ҷавонон - 2025” бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 то 20 июн дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла Норак, Данғара, Темурмалик, Кӯлоб ва Мӯъминобод баргузор мегардад. Ҳадафи он таҳкими дӯстӣ ва ҳамгироии ҷавонон, арҷгузорӣ ба фарҳангу маданияти миллӣ, боло бурдани сатҳи маърифати сиёсиву иҷтимоии ҷавонон ва рушди ҳисси ватандӯстӣ мебошад.

Ин чорабинии фарҳангиву маърифатӣ ҳамчун майдони муколама ва ҳамфикрии ҷавонон хизмат карда, дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим мебозад.

Алишери Абдулмаҷид,
Умарҷон Тошматов,
"ХАТЛОН"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода