Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ ВАРЗИШГОҲ ДАР КАНГУРТ


ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ ВАРЗИШГОҲ ДАР КАНГУРТ



Дар асоси сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик сохтмони як варзишгоҳи замонавӣ бо иқтидори бузург идома дорад. Айни замон беш аз 80 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, варзишгоҳ барои 6000 ҷои нишаст пешбинӣ шудааст. Бунёди чунин иншооти муҳими варзишӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, яке аз иқдомҳои муҳими созанда дар сатҳи маҳаллӣ ба шумор меравад.

Иншооти мазкур бо мақсади муҳайё намудани шароити муосид барои баргузории мусобиқаву чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла футбол, волейбол ва дигар намудҳои машқҳои ҷисмонӣ бунёд гардида, ҷавобгӯ ба тамоми талаботи замонавии инфрасохтории соҳа хоҳад буд. Тибқи лоиҳаи тасдиқшуда, варзишгоҳ бо майдони сабз, ҷойҳои нишасти замонавӣ, утоқҳои либосивазкунӣ, ҳоҷатхонаҳо, чароғҳои равшанидиҳанда, системаи баландгӯяк ва дигар иншооти ёрирасон муҷаҳҳаз хоҳад шуд.

Бино ба иттилои Аслиддини Айниддин, муовини раиси ноҳия дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ва техникаи зарурӣ фаъолона ҷалб гардида, иҷрои ҳар як марҳилаи кор таҳти назорати доимии муҳандисон ва намояндагони бахши сохтмони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ қарор дорад. Маблағгузории лоиҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҷалби манбаъҳои иловагӣ амалӣ гардида, ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти махсус дода мешавад.

Ба гуфтаи намояндаи мақомоти маҳаллӣ, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани варзишгоҳ имконоти фарох барои рушди варзиш дар минтақа фароҳам гардида, барои наврасону ҷавонон шароити беҳтарин ҷиҳати машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии варзишӣ муҳайё мешавад. Ин тадбир ҳамзамон ба ташаккули маънавию ахлоқии насли наврас ва тақвияти ҳисси ватандӯстӣ мусоидат хоҳад кард.

А. Абдулмаҷид "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода