ДОНИСТАН ХУБ АСТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 13
![]()
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 29-уми майи соли 2025 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. “Барномаи давлатии пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025- 2029” ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он баъди муҳокимаи ҳамаҷониба тасдиқ шуд. Дар ин мавзуъ суҳбате доштем бо Маҳмадалӣ Мирзоев, саратоншиноси Маркази саратоншиносии вилояти Хатлон ва онро манзури хонандагон мегардонем.
- Саратон чӣ гуна беморӣ аст ва кадом намудро дар бар мегирад?
- Саратон (ё кансер, ба забони илмӣ – cancer) бемории хавфнокест, ки ҳангоми зиёдшавии ғайриназоратии ҳуҷайраҳо дар ҷисм ба вуҷуд меояд. Ин ҳуҷайраҳои бемор метавонанд бофтаҳои солимро вайрон кунанд ва ба дигар узвҳо паҳн шаванд. Саратон гурӯҳи зиёди бемориҳоро дар бар мегирад, зиёда аз 100 навъи гуногун дорад.
Саратон метавонад дар ҳама узви инсон инкишоф ёбад, вале намудҳои маъмултаринаш саратони шуш, саратони сина, рӯдаи ғафс, саратони гарданаки бачадон, саратони простата, саратони ҷигар, саратони меъда, саратони пӯст (меланома ва дигар намудҳо).
Аксари намудҳои саратон дар сурати ташхиси барвақт ва табобати дуруст табобат мешаванд.
-Чанд намуди вируси саратонӣ мавҷуд аст?
-Намудҳои вируси саратонӣ бисёр ҳастанд. Масалан, вируси “папилома” тасдиқ шудааст ва дигар вирусҳое ҳастанд, ки олимон таҳқиқот бурда, кашф карда истодаанд. Ин бемориро дар тамоми узви инсон вохӯрда мешавад: дар майнаи сар, узвҳои занона, мардона, ҷигар, рӯдаву меъда, чашм, гӯшу гулӯю бинӣ, пӯсти бадан.
Ба бемории саратони пӯст бештар калонсолон гирифтор мешаванд, ки нури ултрабу-нафш таъсир мерасонанд, он доғҳое, ки дар пӯст аст, авҷ гирифта, ба бемории саратон оварда мерасонанд. Дигар бемории пӯст аз сӯхтани пӯсти бадан аз об ё оташ пайдо мешавад, ки ин ҳам дар муддати тӯлонӣ ба бемории саратони пӯст оварда мерасонад.
Аз ҳама хавфноктарин бемории саратон, дар узвҳои ниҳоят зарурӣ пайдо мешавад. Масалан, дар узвҳои ҳозима, майнаи сар, ғадудҳои болои гурда, ки инсон бе ин узвҳо умр ба сар бурда наметавонад. Аз ин лиҳоз, агар дар майнаи сар пайдо шавад, ҳатто баъд аз ҷарроҳӣ осебаш дар майнаи сар мемонад.
-Роҳҳои пешгирии ин беморӣ чӣ гуна аст?
-Барои пешгирии ин беморӣ асосан шаҳрвандон, нахуст бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Ин марказҳо бемории саратонро дар марҳилаҳои аввал дарёфт карда, баъдан онҳо ба марказҳои саратоншиносӣ роҳхат медиҳанд ва табобати давраҳои аввалро мегиранд. Беморон ба мо бештар дар марҳилаҳои 3-юму 4-ум муроҷиат мекунанд, ин марҳилаҳои нохуш ҳастанд, беморон аз ин мефавтанд. Аз ин рӯ, бояд мардум як маротиба дар як сол аз муоинаи ултрасадо, гасраскапи, ҳангоми шикоят аз меъдаю рӯда ё шикоят аз меъдаи рост дошта бошанд, бояд гузаранд.
Сарчашмаи бемории саратон пурра аниқ нашудааст. Дар таҷрибаи кории ман бемории саратони устухон (соқи калон) буд, ки баъд аз зарба хӯрдани пой дар санг, пас аз гузашти 10 сол ба бемории саратони устухон оварда расонидааст. Сарчашмаҳо бисёр ҳастанд, лекин на ҳама бемориҳо ба бемории саратон оварда мерасонад. Сарчашмаҳои дигаре ҳастанд, ки генетикӣ мебошанд. Ин бемориҳои ғадуди ширӣ, саратони меъда аз насл ба насл мегузарад. Ин дар таҳлилҳои илмӣ дар тамоми дунё тасдиқ шуда истодаанд.
-Ба Маркази саратоншиносии вилояти Хатлон чӣ қадар беморон ва ба кадом намуди ин беморӣ муроҷиат кардаанд?
-Дар 4-5 моҳи соли 2025-ум 193 бемор ба қайд гирифта шудааст, аз он 77 бемор мард ва 116 нафар занҳо мебошанд. Аз ин беморон 22 нафар ба бемории ғадуди сина, 14 на-фар ба гарданаки бачадон, бачадон 7 нафар, ҳамроҳак 8 нафар, тухмдон 6 нафар, саратони пӯст 9 нафар, узвҳои ҳозима 18 нафар, ин нишондодҳое ҳастанд, ки ба мо муроҷиат кардаанд. Ба беморон дар марказ асосан табобатҳои кимиёдармонӣ, таргетӣ, ҷарроҳӣ ба роҳ монда шудааст, ки аллакай мутахассисон аз ин намуди табобат пурра аз омӯзиш гузашта, табобат карда истодаанд.
-Дар бораи нишонаҳои бемории саратон маълумот медодед?
-Агар аз нишонаҳои ғадуди ширӣ бигӯем, сахтӣ дар ғадуди ширӣ, фурӯ рафтани пӯст ба мисли пӯсти лимӯ, ё ин ки аз сари чоч баромадани хуну зардоби хун, ба мисли чормағз сахтӣ дар дохили ғадуди ширӣ пайдо мешавад. Ин нишонаҳое ҳастанд, ки дар марҳилаҳои аввал пайдо мешаванд. Бемории саратон худ дард надорад. Беморонеро вомехӯрем, ки мегӯянд: «Дардро ҳис наменамудам, барои ҳамин муроҷиат накардам».
Миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонем, ки ғамхорӣ карда, ба марказ дастгоҳҳои муосир ворид карданд, ки ин кори табибони марказро осон намуд. Ҳамзамон, беморон барои гузаштан аз ин намуди муоинаҳо ба дигар марказҳои дурдаст муроҷиат намекунанд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00