Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад. Тамоми давлатҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо намуда, онро решакан намоянд. Ин ҷараёни хатарнок метавонад ба несту нобуд кардани халқиятҳо, миллатҳо ва давлатҳо оварда расонад. Аз таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш дар ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ иброз доштанд: «Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе мебошем, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд. Тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст. Ҳоло фаъолшавии гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон амнияти тамоми мардуми сайёраро зери ха-тар қарор додааст».
Дар ҳақиқат ҳам, терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Рӯз то рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ мусоидат менамояд.
Ин зуҳурот на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона роҳандозӣ шуда истодааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин радиф қайд намуда буданд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.
Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Чандин маротиба аз минбарҳои СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид кар-даанд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.
Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар баробар мегардад. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, балки сабаби хуруҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери суол мебарад, инчунин, гаронии зиёдеро ба буҷети кишвар ворид месозад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамоянд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.
Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз чандин конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баландро ба мақсади мубориза бар зидди терроризм ташкил ва баргузор намудааст ва ҳамеша дар саргаҳи муборизони ин вабои номатлуби замон қарор дорад.
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон барад. Зеро танҳо дар ҳамоҳангӣ метавон бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон бурд. Аҳли ҷомеаи тамаддунофари мо, ки ҳисси баланди ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд оромиву сулҳу суботи кишвар халалдор гардад.
А. ХОЛИҚЗОДА,
Д. САИДЗОДА,
А. НАЗАРЗОДА,
судяҳои Суди вилояти Хатлон
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.