КӮДАКОН-НАСЛИ ХУШБАХТИ ЗАМОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 май, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Кӯдакон сарчашмаи хушбахтии ҳар оилаву ояндаи кишваранд. Маҳз ба ҳамин хотир кӯдакони Ватани маҳбубу соҳибистиқлоламон таҳти дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон барои таълиму тарбияи кӯдакон беҳтарин шароити ба меъёрҳои байналхалқии таҳсилу истироҳат мувофиқ фароҳам оварда шуд. Зеро ояндаи дурахшони кишвар ба дӯши ҳамин кӯдакону наврасони мост. Ҳамасола рӯзи 1 июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистони ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.
Боиси хушбахтӣ ва хушнудист, ки бо қарори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон силсилаи чорабиниҳо таҳти унвони “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” роҳандозӣ гардид. Ин чорабиниҳо аз барномаҳои фарҳангию варзишӣ, маърифатию хайриявӣ иборат мебошанд. Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳо дар кӯдакон бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва илмдӯстӣ буда, ҳамчунин ҷалби шаҳрвандон ба риояи ҳуқуқҳои кӯдакон ва шинохти масъулият нисбат ба онҳо мебошад.
Бо мақсади инъикоси ҳуқуқу озодиҳои кӯдак Ассамблеяи генералии СММ ҳанӯз соли 1959 Эъломияи умумии ҳуқуқи кӯдакро қабул кард. Инчунин, соли 1989 Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак қабул гардид. Санади мазкур ҷиҳати эътирофи ҳуқуқи кӯдакон бо дарназардошти хусусиятҳои хос ва осебпазирии онҳо мавриди ҳимоя ва ғамхории махсус қарор дода шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 аъзои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак буда, барои ҳар як кӯдаке, ки дар қаламрави он қарор дорад, тамоми ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия пешбинигардидаро эътироф ва таъмин менамояд.
Шодию хурсандии насли навраси имрӯзаро дида, ба хулосае меоем, ки ҳамаи ин натиҷаи тантанаи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи насли наврас мебошад. Ин аст рисолати падарона ба насли наврас, ғамхорӣ кардану меҳру саховати худро аз онҳо дареғ надоштан. Ба ҳамин хотир кӯдакону наврасон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медоранд.
Кӯдакон сазовори ҳаёти арзандаанд. Ва вазифаи ҳар яки мову Шумо аз он иборат аст, ки чунин муҳитро барои онҳо муҳайё созем, барои ба ҳаёти оянда омода шудани кӯдакон ба онҳо кумак расонем. Биёед, дунёи рангини кӯдакони азизи худро, ки оянда Тоҷикистонро ободтару зеботар хоҳанд гардонид, рангинтар гардонем!
Саодат АБДУЛҲАКИМЗОДА,
директори Муассисаи давлатии "Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...