Марди 29-сола бо гумони ба худкушӣ расонидани ҳамсараш дастгир шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 май, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 134
![]()
Кормандони мақомоти милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи А. Ҷомиро бо гумони ба худкушӣ расонидани ҳамсараш боздошт намуданд.
Тавре аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ хабар дода шуд, боздоштшуда соли 2019 бо ҷавонзани 26-солаи сокини ноҳияи Ёвон оила барпо намуда, дар давоми ҳаёти муштараки худ бо ҳамсар ҷангу ҷанҷолҳои пайдарпай анҷом дода, пайваста нисбати ӯ дашномҳои қабеҳи ғайриинсонӣ гуфта, шаъну шарафашро дар назди хешу ақрабояшон паст мезадааст.
Рӯзи 15-уми апрели соли 2025, ӯ бори дигар бо баҳонаи ночиз ҳамсарашро мавриди таҳқир ва лату кӯб қарор додааст.
Дар натиҷа, зан аз ин ҳолати сангини равонӣ хаста шуда, бо мақсади худкушӣ маҳлули сирко истеъмол намудааст. Хешовандонаш сари вақт аз ин воқеа огаҳ гардида, ӯро ба беморхона интиқол додаанд ва аз марг наҷот дода шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ки дар асоси қисми 2 моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати гумонбар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, феълан тафтишоти пешакӣ идома дорад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00