Сарбози шуҷоъ Шоҳҷоизаро соҳиб шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 май, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
1-уми майи соли 2025 дар деҳаи Чилчаи ноҳияи Темурмалик мусобиқаи гӯштини миллӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ паҳлавонони номдори кишвар ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд.
Дар рафти мусобиқа қаторӣ Ризоев Шодмон Амируллоевич — сарбози Баталиони фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳорати баланди варзишии худро нишон дода, бар паҳлавонони шинохта аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия дастболо шуд.
Шодмони пирӯз ба сифати ғолиби мутлақ сазовори Шоҳҷоиза — автомашинаи сабукрав гардид. Қобили зикр аст, ки ӯ чанде пеш низ дар мусобиқаи гӯштини миллӣ дар деҳаи Кангурти ҳамин ноҳия ширкат варзида, барандаи ҷоизаи асосӣ шуда буд.
Ғалабаҳои пайдарпайи Ризоев нишони қобилияти варзишӣ ва омодагии ҷисмонии аълои ӯ буда, ифтихори сарбозони Ватан маҳсуб меёбанд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...