ФИШОРБАЛАНДӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 69
![]()
Фишор яке аз нишондодҳои муҳими ҳолати воқеии саломатии одам аст. Фишорбаландӣ бемориест, ки ба баландшавии фишори шараёнӣ алоқаманд мебошад: 140/90 ва аз ин баланд. Ҳаяҷон, тарс, эҳсос, фаъолияти ҷисмонӣ, кашидани тамоку, нӯшидани қаҳва метавонанд дар муҳлати кӯтоҳ фишори хунро баланд намоянд. Дере нагузашта фишор боз дар ҳадди меъёр қарор мегирад. Агар фишори баланд 140/90 ва аз ин баландтар дуру дароз нигоҳ дошта шавад, кори дил ва рагҳои майнаи сар, гурда ва чашм иллат меёбанд. Дар бораи чи гуна беморӣ будани он табиби бемориҳои фишорбаландӣ Осимӣ Қурбонов шарҳи бештаре доданд, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
САБАБҲОИ ГИРИФТОРӢ БА БЕМОРИИ ФИШОРБАЛАНДӢ
Изтироби асаб, тарс, бемории гурдаҳо, ҷигар ва дилу рагҳо, климакс, бемориҳои узвҳои дарунӣ мебошанд.
НИШОНАҲОИ БАЛАНДШАВИИ ФИШОРИ ХУН
Чарх задани сар, дарди сар дар мавқеи пушти сар, садо дар гӯшҳо, торикӣ, сиёҳӣ дар пеши чашм, хастагӣ, бехобии бесабаб, асабоният.
БА ГУРӮҲИ ХАТАР КИҲО ДОХИЛ МЕШАВАНД?
Шахсоне, ки наздикон ва хешу таборонашон гирифтори бемории фишорбаландии шараёнӣ мебошанд:
- Стресс, депрессия, ғаму ғусса.
- шахсони вазнашон зиёд.
- шахсони камҳаракат.
- шахсоне, ки машруботи спиртӣ истеъ-мол мекунанд.
- шахсоне ки тамоку ва махсусан, нос ме-кашанд.
- шахсони гирифтори бемории қанд ва бе-мории гурда.
- Занҳое, ки дар вақти ҳомиладорӣ фи-шорбалндии шараёнӣ доштанд.
МУОЛИҶА НАКАРДАНИ ФИШОРБАЛАНДӢ, БА КАДОМ БЕМОРИҲО ОВАРДА МЕРАСОНАД?
- Фалаҷи майнаи сар (инсулт).
- Сактаи дил (инфаркти миокард).
- норасоии кори гурдаҳо.
- нобиноӣ (хирашавии чашм).
- Пастшавии қобилияти кори ҷисмонӣ.
РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ФИШОРБАЛАНДӢ
- Бо барзиёдии вазн мубориза баред,
- Истеъмоли намак (то 2-3 грамм дар як шабнарӯз) ва чарбуи ҳайвонро кам намоед.
- Реҷаи корӣ ва истироҳатро риоя намоед: на кам аз 7-8 соат.
- Мева ва сабзавотро бештар истеъмол намоед.
- Ба фаъолияти ҷисмонӣ бояд машғул шуд.
- Бештар пиёда роҳ гардед.
- Аз кашидани тамоку, нос ва машруботи спиртӣ даст кашед!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...