Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » 24-27 МАРТ ҲАВОИ НОМУСОИД ПЕШГӮӢ ШУДААСТ


24-27 МАРТ ҲАВОИ НОМУСОИД ПЕШГӮӢ ШУДААСТ



Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  ҳушдор додааст, ки аз 24 то 27 март дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар аст. 27-29 март дар водиҳо боридани борон ва 24-27 март дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф пешбинӣ мешавад.

Рӯзҳои 24-25 март дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон боридани жола дар назар аст. Рӯзҳои 25-27 март дамои рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то ба 10-12 дараҷа поин мешавад.

Рӯзҳои 24-27-уми март дар ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Хатлон бар асари боришот омадани сел пешгӯӣ мешавад.

Дар робита ба ин, КҲФ аз сокинон хоҳиш мекунад, ки чораҳои эҳтиётиро риоя намуда, аз ҷамъоварии гиёҳҳои дар минтақаҳои хатарноки кӯҳӣ рӯида, ғунучини ҳезум, рафтан ба шикор ё моҳидорӣ, чорвочаронӣ худдорӣ кунанд.

Барои пешгирии оқибатҳои омадани сел тавсия шудааст, ки селроҳаҳо, ҷӯйбору каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу регу санг тоза кунанд.

Ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву кӯҳгардӣ ҳангоми ҳаракат дар навоҳии кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода