Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Ба ростӣ, намедонам аз куҷо оғоз кунам, аз бозгӯи ҳодисаи даҳшатбор ё аз қаҳрамониву шабзиндадориҳои як модар. Ҳодисаҳоро зиёд мешунавем, аммо ҷоннисории модарон моро бештар ба андеша ва васф кардан водор месозад.
Дуюним сол пеш, дар авҷи тобистон, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таркише рух дод. Дар нуқтаи сӯзишворӣ осмонро дуди ғализ фаро гирифт. Лахчаҳои оташ боғу токзорро месӯхтанд. Бар асари ин фоҷиа чанд нафар маҷрӯҳ шуданд, вале беш аз ҳама Маҳмадалӣ осеби ҷонкоҳ дид. Онҳое, ки шоҳиди ин манзара буданд, медонанд, ки ӯ чӣ ҳол дошт... Вале ин қисса танҳо дар бораи он ҳодиса нест - он аз ҷонфидоии як модар аст.
Модаронеро медонем, ки фарзандони маъюб доранд ва чун гули навшукуфта нигоҳубинашон мекунанд. Модаронеро дида-ем, ки ҷигарбандонашонро аз даст додаанду боз ба тақдир шукр мекунанд. Вале қиссаи мо аз марг ҳам ҷонсӯзтар аст. Дидани фарзанд даруни як тӯр, ки аз он танҳо хуну зардоб мечакад, вале даст дароз карда натавонӣ, то ламсаш кунӣ, ба дардаш дармони зудрас биёбӣ - инро на ҳар кас тоқат карда метавонад.
ҚАҲРАМОНИ МО-АПАИКАЛОНБӢ
Апаи Калонбӣ, зани миёнасоле, ки бо иродаи матинаш, дар ҳақиқат, сазовори номи «Ка-лон» аст. Вақте дар бораи писараш Маҳмадалӣ нақл мекунад, ашк гулӯгираш месозад. Зеро ҳар суханаш на танҳо хотира, балки дарди талхи рӯзҳои гузашта аст.
Маҳмадалӣ аз хурдӣ усто буд. Аз таъмири мошинаҳои дарздӯзию либосшӯӣ то техникаи вазнин - дасташ ба ҳама кор мерасид. Мардуми маҳалла ӯро «бачаи корбудкун» меномиданд.
Баъди хатми мактаб ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт ва ҷавони боҳунар, ки буд, зуд ҷойи кор ёфт. Маблағи тӯйи домодиашро ҷамъ карду ба ватан баргашт. Дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории наздик ба ҷойи истиқоматаш ба кор даромад. Ҳамагӣ як ҳафта кор карда буд, ки ҳодисаи даҳшатбор рух дод. Сарфи маблағи ғункардааш дар тӯй насиб набудааст.
Апаи Калонбӣ дар ёд надорад, ки чӣ гуна худро ба ҷойи ҳодиса ва аз он ҷо ба беморхона расонад. Танҳо ларзиши замин, дуди ғализ ва сухани духтари ҳамсоя дар хотираш мондааст: «Заправка сӯхт!» вақте ба беморхона расид, ҷисми писарашро шинохта натавонист: сӯхтаву варам карда, аз сурати инсонӣ берун.
Аввал гуфтанд, 56 фоизи баданаш сӯхтааст. Баъд маълум шуд, 92 фоиз...
Ду моҳ Маҳмадалӣ дар ҳоли стресси шадид хомӯш буд. Ӯро дар шуъбаи махсуси дармонгоҳи бемориҳои сӯхтаи шаҳри Душанбе нигоҳ медоштанд, чунки аз баданаш пайваста хуну зардоб мечакид. Духтурон иҷозат намедоданд, ки модар наздаш бошад, вале апаи Калонбӣ исрор мекард: «Ман бояд дар бари фарзандам бошам, ҳамроҳи ӯ дард мекашам!»
ФИДОКОРИИ МОДАР
Вақт мегузашт, вале ҳолати писараш беҳтар намешуд. Барои пайванд кардани пӯст, аз пойҳои Маҳмадалӣ мебуриданду ба пушташ мешинонданд. «Розӣ будам, ки тамоми баданамро буранду ба ҷисми ранҷури фарзандам пайванд созанд, то зинда монад», - ба ёд меорад Калонбӣ. Шабҳо модар то саҳар бедор мемонд, захмҳои писарашро пок мекард, малҳам мемолид, докапеч мекард.
Калонбӣ қаблан табъи нозук дошт, агар касе дар наздаш ҳатто атса мезад, канортар мерафт, ки мабодо сироят нашавад. Агар ҷое захмеро медид, рӯяшро мегардонд. Вале модар, вақте ки фарзандаш ранҷ мекашад, дигар ба худ намеандешад. Ҳатто бемории шадиди меъдаашро ҳам фаромӯш кард. Ду моҳ ғизо аз гулӯяш намегузашт, вале эҳсоси гуруснагӣ намекард. Тамоми ҳастияш ба Маҳмадалӣ банд буд.
Дар хона кӯдаки чорсола ва духтарони қадрас дошт, вале он рӯзҳо ҳатто онҳоро ба ёд намеовард. «Модар то вақте фарзанди бемор дорад, дар фикри ӯст, то вақте фарзанди раҳдур дорад, дар андешаи ӯст, вале то вақте ҷон дар бадан дорад, ҳама фарзандонашро дӯст медорад», - мегӯяд апаи Калонбӣ.
Азбаски ноҳия то пойтахт рафтуомади шавҳараш, инчунин, хароҷоти беморхона барояшон мушкилтар шуд, духтурон иродаи қавии Калонбиро дида, бовар карданд, ки нигоҳубини минбаъдаи Маҳмадалиро дар шароити хона ҳам ба уҳда гирифта метавонад. Баъд аз табобати тӯлонӣ дар дармонгоҳи бемориҳои сӯхта, ниҳоят писарашро ба хона овард. Духтураш Абдуқаҳҳор Сатторов сари ҳар чанд вақт омада хабар мегирифт ва маслиҳат медод. Вале табобат дар инҷо ҳам анҷом наёфт. Духтурон дигар омада наметавонистанд, ҳама масъулият бар дӯши модар афтод. Ҳам модар шуду ҳам табиб.
Шабҳо хобро фаромӯш карда, бо эҳтиёт захмҳоро тоза мекард, захмбандиҳоро иваз менамуд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, апаи Калонбӣ шукргузор аст. Шукрона мекунад, ки фарзандаш зинда монд. Шукргузор аст, ки Маҳмадалӣ ҳарчанд ранҷи тасвирношуданӣ дид, вале имрӯз дар канори ӯст. Акнун орзуи Калонбӣ пайдо кардани арӯси муносиб ба фарзанди ранҷураш аст.
ТАВОНОИИ МОДАР
Ин қисса танҳо дар бораи пайомади як ҳодисаи тасодуфӣ нест. Ин достони иродаи бузурги модарест, ки дар сӯхтор танҳо ҷисми писараш насӯхт, дили худи ӯ низ бо фарзандаш ба коми оташ рафт. Вале сӯхтанаш ҳам як ҷоннисории хомӯш набуд, балки мубориза буд.
Имрӯз, гарчанде захмҳои Маҳмадалӣ пурра шифо наёфтаанд, пас аз як солу ҳашт моҳи бистарӣ будан, ӯ ниҳоят ба по хеставу тадриҷан вориди ҳаёти муқаррарӣ мегардад. Модар бо ҳамон меҳру муҳаббати беандоза ғамхориашро идома медиҳад. Зеро модар будан танҳо ба дунё овардани фарзанд нест. Модар будан, яъне азоби ӯро бо тамоми вуҷуд эҳсос кардан, дардашро бо тамоми вуҷуди худ гирифтан ва то охирин нафас бо муҳаббат парасториаш кардан аст.
Ин аст қудрати як модар.
ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.