Ба «Хатлон» ҷавоб омад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
(Вокуниш ба мақолаи “АВТОБУС. Аз таъхир то тангӣ: Мушкилот ва талаботи мусофирон”, №3, аз 10 январи соли 2025, муаллиф Далер Ибодуллозода)
Раёсати Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” дар шаҳри Бохтар дар якҷоягӣ бо Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар мақолаи “АВТОБУС. Аз таъхир то тангӣ: Мушкилот ва талаботи мусофирон”-ро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, дар баробари ин як қатор корҳои таҳлили санҷиширо ба анҷом расонид.
Дар вақти гузаронидани корҳои таҳлилӣ санҷишӣ маълум шуд, ки далелҳои дар мақолаи болозикр овардашуда тасдиқ шуда, баҳри барҳам додани камбудиҳо, роҳ надодан ба қоидавайронкуниҳо, таъмини бехатарӣ ҳаракат дар роҳ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ба аҳолӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар дар ККВД “Бохтарнақлиётхизматрасон” бо ҳайати инжинер-техникӣ ва ронандагон ҷаласа баргузор намуда, моҳияти риояи қонунҳои амалкунанда фаҳмонида шуд, ҳамзамон масъулин вазифадор карда шуданд, ки бо ронандагон дастурамалҳои иловагӣ гузаронида, фаъолияти онҳо таҳти назорати қатъӣ гирифта шаванд.
Р. Қурбонов,
сардори раёсат
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...