Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Бояд масъулияти зиддитеррористиро боло бардорем


Бояд масъулияти зиддитеррористиро боло бардорем




28-уми декабри соли 2024 дар толори Парлумони  Тоҷикистон  дар  ҷаласаи  якҷояи  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  Паёми  худро  «Дар  бораи самтҳои  асосии  сиёсати  дохилию  хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  ба  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ироа  намуданд  ва  таъкид  карданд,  ки  «Рушди  устувори  иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии  мардуми  Тоҷикистон  аз  таъмини  амнияти миллӣ вобаста мебошад. 

Яъне,  таъмин  намудани амнияти давлат ва ҷомеа дар шароити  имрӯза  зарурат  ва аҳамияти аввалиндараҷа дорад.  Ҳукумати   мамлакат  ва сохтору  мақомоти  марбута дар ин самт тамоми чораҳоро меандешанд.  Аз  ҷумла,  ба масъалаҳои  омода  кардани мутахассисони  ба  талаботи шароити  муосир  ҷавобгӯй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин, таҳкиму тақвияти пояҳои моддиву  техникии  ҷузъу томҳои  ҳарбӣ  ва  мақомоти ҳифзи  ҳуқуқ  минбаъд  низ эътибори  аввалиндараҷа дода  мешавад.  Дар  ин  ҷода мубориза  бо   терроризм  ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин  зуҳурот  ҳоло  ба  хатари глобалӣ  мубаддал  гардида, тамоми  аҳли  башарро  ба ташвишу  нигаронӣ  овардааст».

Вожаи терроризм аз калимаи  лотинии  «terror»  пайдо шудааст  ва   маънои  тарс   ё воҳимаро дорад. 

А.А.  Зиновев  дар  китоби  «Бо  кадом  тарз  филро бо  сӯзан  куштан  мумкин аст»,   менависад,  ки   «Терроризм,  ин  ҳодисаи  иҷтимоӣ буда,  дар  шароитҳои  ҳаёти иҷтимоии одамон решаҳо дорад». Ӯ дар ин ҷой фаҳмеро дар  назар  дорад,  ки  дар ҷомеаи  ҷаҳонӣ  ҳамчун  душмани рақами як пайдо шудааст.  Он  пурқудрату  ҳатарнок ва бераҳми бадкирдор мебо-шад.  Ин  душман  терроризм ном дорад. То замоне, ки терроризмро мағлуб накардаем, касе  ва  дар  ягон  ҷое  худро осудаю  бехатар  ҳис  карда наметавонад.  Терроризмро «вабои  асри  ХХI»  мегӯянд, ки  ин  беҳуда  нест.  Охир,  он аз бемории вабо дида зиёновартар мебошад. 

Хирагии ақли мост, ки ногаҳон гирифтори он мешавем. Бехатарии ҳаёти ҳар як нафар аз худи ӯ вобастагӣ дорад. Бояд таъкид кард, ки мусаллаҳ будани одамон муҳимтарин воситае мебошад, ки аз хатарҳои террористию экстремистӣ нигоҳ медорад. 

Қабул  карда  шуда-ни  «Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» аз 20 июни соли 2024, №  2049  бори  дигар  масъулияти  волидайн  ва  шахсони ивазкунандаи  онҳоро  барои таълиму тарбияи кӯдак боло мебардорад.  Дар  боби  4, моддаи 16, бандҳои 19, 20 ва 21-и  Қонуни  номбурда  доири  ҳуқуқ  ва уҳдадориҳои падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда дар таълиму тарбияи кӯдак оварда шудааст:

ба  кӯдак  тамошои  филмҳои  дорои хусусияти  террористӣ,  экстремистӣ, тундгароӣ,  ҷудоихоҳӣ,  порнографӣ, ваҳшатангезӣ,  зӯроварӣ   ва  аксу наворҳои  дигари  манъшударо  иҷозат надиҳанд;

-аз  тарафи  кӯдак  мақсаднок  истифода  шудани  интернетро  назорат  намоянд;

-ба  кӯдак  мутолиа  ва  паҳн  кардани сабту наворҳои электронӣ (аз ҷумла тавассути телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо,  рӯзномаҳо,  маҷаллаҳо  ва дигар  маводи  чопии  дорои  хусусияти террористӣ,  экстремистӣ,  тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ ва зӯровариро манъ намоянд. 

Барои  он,  ки  талаботи  ин  бандҳои қонуни  зикргардида   амалӣ  гарданд, дар  навбати  аввал  падару  модарон ва  шахсони  ивазкунандаи  онҳо  аз донишҳо дар бораи шаклҳои амали террористҳо  бархурдор  бошанд  ва  доири  онҳо  мунтазам бо кӯдакон корҳои фаҳмондадиҳӣ  анҷом диҳанд,  яъне  онҳо бояд  кӯдакҳоро фаҳмонанд, ки хирасозии  ҳушёрии одамон  анде-шаи  ҳамарӯзаи террористҳо  мебошад.

Доири   гузаронидани  сӯҳбат бо  кӯдакҳо,  зарур  дониста  шуд, ки  барои  падару модарон  ва  шахсони  ивазкунандаи  онҳо дастуре  омода  созем,  ки боиси  мусаллаҳшавии  онҳо бо  донишҳои  зидитеррористӣ  гардад. 

Агар  сӯҳбатҳои  бо  кӯдакҳо  мегузаронидаи  онҳо  фарогири  таъкидҳои  зайл бошанд,   самараи  пурарзише  хоҳанд дод,  яъне  пайваста  таъкид  намоянд, ки дар кӯча, дар нақлиёт, дар ҳавлиҳо, даромадгоҳҳои биноҳо бисёр бодиққат будан  лозим  аст.  Бояд  ин  муносибати  ҳаррӯзаи  мо  дар  зиндагӣ  бошад. Шумо  бояд  донед,  ки  терроризм  ин даҳшатноктарин  ҷиноят  мебошад. 

Мақсади террористҳо аз он иборат аст, ки бо як амал ҳарчӣ бисёртар одамонро кушанд ё худ барои тобеъ намудану  азоб  додани  онҳо,  ҳарчӣ  бисёртар одамонро ба гарав гиранд. Онҳо гумон мекунанд, ки бо ин амалашон ҳамаро метарсонанд, бо ин восита ҳама ончиро, ки мехоҳанд, ба даст дароварда метавонанд (маблағи калон, итоат накардан  ба  қонунҳои  амалкунанда  ва  боз бисёр хоҳишҳои дигари доштаашон). 

Террористҳо  –  ҷинояткорҳое  мебошанд,  ки  милитсия  ва  армияро мағлуб карда наметавонанд. Аз ин ҷост, ки онҳо силоҳ ба даст ба одамони  одӣ,  ки  ба  тамошои  филмҳо омадаанд  ё  ки  ба  кор  мераванд, гурӯҳи кӯдаконе, ки дар тантанаҳои идона  гирд  омадаанд,  ҳуҷум  мекунанд. 

Новобаста  аз  он,  ки  шумо  дучори  ҳуҷуми  террористҳо  мегардед  ё  не,  донистани  тартиби  амал дар  чунин  ҳодатҳоро  бояд  донед ва  бо  ин  васила,  дар  раҳонидани худ, аҳли оила ва дигарон аз азоби ҷиноятгарон кӯмак мерасонед. Муҳимаш он аст, ки шумо гирифтори  тарси  доимӣ   набошед,  вале ҳамеша боэҳтиёт будан лозим аст. 

Ба  ҳама  рӯйдодҳое,  ки  дар  атрофатон  ба  амал  меоянд,  бодиққат будан даркор аст, пай бурдан лозим аст, ки «Оё, ҳама он чӣ, ки рӯй додааст, бехатар аст?». 

Дар  бинои  қарор  доштаа-тон  (мактаб,  кинотеатр,  толори варзишӣ  ва  ғайраҳо),  бояд  аниқ донед,  ки  баромадгоҳҳо  дар куҷоҳоянд. Инчунин, бояд донед, ки наздиктарин маркази  саломатӣ (поликлиника)  ё стансияи  ёрии таъҷилӣ  дар куҷо  воқеъ гардидаанд (барои  расонидани  ёрӣ дар мавридҳое, ки  худатон ё  нафаре  аз наздикҳоятон ҷароҳат  мебардорад). Агар эълон шуда бошад, ки «Биноро  тарк  намоед!», роҳи  дуртар  аз  тирезаю дарҳои  шишагиро  интиҳоб кунед. 

Аз  нафарони  бегона  сумка, борҷома,  қуттӣ  ва  ҳатто  тӯҳфаро қабул  накунед.  Ҳаргиз  ба  ашёҳои дар кӯча, автобус, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва  ғайраҳо  гузошташуда  даст  нарасонед.  Ҳатто   ба  бозичаҳою телефонҳои мобилӣ.

Аксари  мавридҳо  террористҳо ба  биноҳои  ҳукуматӣ,  фурудгоҳҳо, фурушгоҳҳои  калон,  неругоҳҳои барқӣ,  мактабҳо,  идҳои  калон, консертҳои  калон,  қатораҳо (поездҳо),  самолётҳою  автобусҳо ҳамла меоранд. Ҳангоми дар ингуна ҷойҳо будан, бисёр ҳам бодиққат бошед ва аз шубҳаҳои пайдокардаатон, калонсолҳоро огоҳ намоед.

Чанде  аз  маслиҳатҳое,  ки  дар мавзуйи  зидди  терроризм  барои падару  модар  ва  шахсони  онҳоро ивазкунанда дода шуданд, маънои онро  надоранд,  ки   бо  ин  маҳдуд шавем.  Фаҳмондадиҳии   мавзуйи зидди  терроризм  кори  ҳамарӯзаи аҳли ҷомеа мебошад ва набояд нафаре дар ин ҷода бесаҳм бимонад. 

Имкониятҳои бузурги муассисаҳои таълимӣ,  бахусус   муассисаҳои таълимии зинаи аввали таҳсилотро хубтар  истифода  кардан  зарур аст.  Кӯдакҳои  ин  зинаи  таҳсилот ҳукми  навниҳолҳоро  доранд  ва  ин навниҳолҳо  чигуна  месабзанд,  чигуна  баргу  шохе  пайдо  мекунанд ва  чигуна  бор  меоваранд,  аз  таълиму  тарбияи  онҳо  ва  заҳматҳои омӯзгорҳо вобастагӣ дорад.

Яке аз самтҳои муҳими тарбияи кӯдак ин  парваридани ҳисси нафрат нисбат ба рафтору кирдори номатлуб аст. Ин нуқта дар ташаккули шахсияти хонанда нақши муҳим мебозад.

Ташаккули   шахсияти  хонан-да  замоне  комилтар  мешавад,  ки агар омӯзгор пайваста дар дарсҳои муқаррарии  ҳамарӯза  аз  фанҳои таълимӣ,  дарсҳои  тарбиявӣ, маҳфилу суҳбатҳои ҳадафмандона, ҳамоишу  вохӯриҳо,  тамошои аҳлонаи  намоишҳои  дахлдори  телевизор ва амсоли инҳо дар сатҳи баланд  гузаронида  шаванд.  Бояд, ҳадаф  ва  хулосаи чорабиниҳои зикргардида  фарогири  фаҳми  нафрат нисбат ба аъмоли номатлубу зиёновар бошанд. Дар ҷаҳони муосир  ифротгароӣ,  ки  бо  истилоҳоти терроризм  ва  экстремизм  дар  арсаи  байналхалқӣ  ифода  мешавад, аз  манфуртарин  ва  зиёновартарин амалҳои гурӯҳе аз одамон буда, ба ҷомеа зарари хеле зиёд меоварад. 

Яке  аз  ҳадафҳои  асосии  террористию экстремистӣ ҳар чӣ бештар ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон мебошад.  Барои  ин,  онҳо  аз  ҳама гуна  воситаҳо,  ба  монанди  макру фиреб, дурӯғу иғво, харҷи маблағҳо истифода мебаранд. 

Террористҳоро  ҷазои  нисбатан сахттар  барои  гаравгирӣ,  дуздидану  куштани  одамон  интизор  аст. Бинобар  ин,  онҳо  ба  нафарони  ба гарав  гирифтаашон  муносибатҳои ваҳшиёна  мекунанд  ва  медонанд, ки имкони ба ягон чиз умед бастанро надоранд.

Музаффар Ғафуров,
саромӯзгори коллеҷи омӯзгории кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ  ва  миёнаи  касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода