Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Гурӯҳи зудамал (Ҳаҷвия)


Гурӯҳи зудамал (Ҳаҷвия)




«Зиндагӣ  оинаро  муҳтоҷи  хокистар кунад» гуфтаанд. Вазъияти молиявиям  бисёр  бад  гашту  пакар шудам. Чӣ бояд кард? То рӯзи маош боз анчаякак вақт мондааст, вале занак магар инро мефаҳмад? 

Чанд  рӯз  шудааст,  ки  дар  хона равғану пиёзу картошка ба доругӣ намондааст, -гӯён аз зуқ-зуқи зиёд ҷонамро ба нӯги биниам расондааст.

Мушкиле  нест,  ки  осон  нашавад.  Корхонаҳоеро,  ки  муҳлати санҷишашон  кайҳо  фаро  расида буд, ба ёд оварда, пагоҳии барвақт ба  идора  чорхез  задам.  Муҳтоҷӣ гардани  ғурурро  мешикастааст. 

Назди  раис  даромада,  диламро кафонидаму  вазъияти   ба  сарам омадаро ба вай нақл кардам. Дар умрам  бори  аввал  аз  ӯ  илтимос намудам, ки маро ба яке аз ҳамон корхонаҳо  ба  санҷиш  фиристонад ва ғайри одат бо рамз ишора кардам,  ки  банда  ҳам  мардаму  дар миён локӣ дорам.

- Ҳамин дардакатро барвақтар мегуфтӣ, дар чочаки ноят сурхбод мебаромад?  -  гӯён  зарда  кард  ба сарам  раис,  ки  чунин  хоҳишро асло  интизор  набуду  шояд  дилаш то  ин  вақт  аз  ман  мелиқид.  Дар корхонаҳои  таги  чашм  кардагиат  кайҳо  боз  шербачаҳои  идора ҳуҷҷатҳои  муҳосибавиро  шамол дода истодаанд.

Навмед аз назди хӯҷаин баромада, ба ҳуҷраи кориам омадам. Аз маломату турғузаҳои занак ва чун занбӯри зардак нешзаданҳои сардор ғамгину бедимоғ нишаста будам, ки як рафиқи ҳамкорам ба наздам даромад.

-  Ҳа,  ҷӯраҷон,  ин  қадар  дӯғи офтобзадагӣ  барин  турш  шудаӣ? -гуфт аҳволи маро дида.

-  Напурс,  ки  насӯзам,  -гуфтам ба вай рози дил карда. Аз раис ба ягон ҷой ба санҷиш фиристоданамро  илтимос  намоям,  қатъиян  рад кард.  Забони  ҷумламурғонро  ёфтаму аз хӯҷаини исқотиро не.

-  Ту  ҳоло  ҳам  дар  гӯши фил  хобӣ,  -гуфт  дӯстам.  Дар он  ҷойҳои  мегуфтагиат  одамони  худи  раис  лангар  партофтаанд,  зеро  онҳо  фоидаи маблағҳои  камбудии  ошкорнамудаашонро  бо  вай  якҷоя арра мекунанд.

-  Аҷиб,  -гуфтам  ба  ӯ  ки аз  ин  савдоҳои  пасипардагӣ мани  нав  ба  кор  омада  бехабар будам.

- Лекин як илоҷакаш ҳаст, -маро тасалло дод дӯстам ғамхорона.

- Ҷон, ҷӯраҷон, - хоҳиш намудам аз  вай,  -  ҳар  ҳунаре  дошта  бошӣ, чун сиркбозон нишон деҳ, ки корҳо чатоқ асту занак дар пӯстакам коҳ ҷой  мекунад.  Агар  бегоҳӣ  дасти холӣ равам, маро дар санҷикдарӣ роҳ намедиҳад.

-  Дар  яке  аз  корхонаҳои пахтатозакунӣ,  ки  падари  ман  он ҷо  сармуҳосиб  мебошад,  корҳои ҳисобу  китоб  бисёр  ҷиғел  аст. 

Вақт  ёфта,  то  ба  он  ҷо  рафтани санҷишгарон   ту  чун  мутахассис ҳисоботҳояшро  рафта  нӯг  ба  нӯг мекунӣ.  Ҳаққи  хизмататро  пешакӣ аз  падарам  гирифта  медиҳам,  то дар  самовоти  ҳамсарат  намонӣ. Ҳам музду ҳам миннатдорӣ. Аз ин муомила  об  ба  лаби  ҷӯй  баробар шуда, на сих месӯзаду на кабоб.

Девор  муш  дораду  муш  гӯш. Садои атсаи баланди касе ногаҳон аз пушти дар шунида шуд, вале ба он чандон эътибор надодем, зеро магар  дар  фаслҳои  гуногуни  сол кам  одамон  ба  бемории  сарорӯ гирифтор  мешаванд?  Лекин  нимкосаи  таги  коса  дигар  будааст. 

Душман дар таги нохун аст. Ҳамон сояю  ҷосуси  дар  пушти  дар  тасодуфан  атсазадагӣ,  ки  аз  он  беха-бар  мондем,  дар  таги  замин  мор ҷунбад,  мефаҳмидааст.  Парвоз карда, маслиҳатҳои ману дӯстамро бо садуяк обуранг бурда ба гӯши роҳбар мечаконад. Пеш аз рафтани  ман  ба  завод  сардор  ба  он  ҷо аллакай  гурӯҳи  зудамалро  фири-стодааст.

Ба касофати равғану пиёзи сабилмондаи  занак  ба  рӯйхати  сиёҳ афтодам... 

Саидҷаъфари БАЁЗӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода