Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ИДОМАИ МУЛОҚОТҲОИ ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР


ИДОМАИ МУЛОҚОТҲОИ ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР



Гурӯҳҳои кории таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо сокинони маҳаллӣ дидору мулоқот анҷом медиҳанд.

Мулоқоти навбатии гурӯҳи кории таблиғотӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар баргузор гардид. Сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Офоқ Қодириён ва муовини раиси шаҳри Бохтар Наргис Қурбонзода доир ба муҳтавои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санади муҳим ва роҳнамо барои рушди тамоми бахшҳои кишвар ба ҳисоб меравад, суханронӣ карданд.

Қайд гардид, ки Паём ҳамчун роҳнамо барои ҳукумат, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва тамоми сокинони кишвар хидмат мекунад. Дар он масъалаҳое мисли иқтисодиёт, маориф, тандурустӣ, амният, фарҳанг, сиёсати хориҷӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок таҳлил ва баррасӣ мешаванд. Ҳамчунин, дар Паём ба мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо ишора карда мешавад.

- Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, маърифати ҳуқуқӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ихтироъкориву навоварӣ матраҳ гардида, вижагиҳои он дар партави рушди иқтисодӣ асос ёфтаанд, - зикр намуд Н. Маъмурзода. - Инчунин, дар Паём хусусияту самтҳои мухталифи рушди моддӣ ва маънавӣ дар асоси эҳё ва таҳаввули фикрии инсонӣ ва такомули технологияҳои муосир дар заминаи неруи зеҳнӣ ва қобилияти амалӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор ёфтааст.

- Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сокинони ҷумҳурӣ ва ҷомеаи ҷаҳонро аз он огоҳ намуданд, ки новобаста аз мавҷудияти омилҳои манфии таъсиргузор ва мушкилоти дигари дохилию берунӣ мо раванди расидан ба ҳадафҳои миллии худро боз ҳам қавитар намуда, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодии мамлакатро таъмин менамоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баландтар мебардорем, - изҳор дошт Н. Қурбонзода. - «Зеро, — бо қатъияти том таъкид намуданд Пешвои миллат, — мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».

Шоир Офоқ таассуроти худро аз Паёми Пешвои миллат бо шеър ифода кард:
- Ин Паём, аз сози Истиқлолу аз файзу сахост,
Аз фазилатҳову эҳсону дурахши ақлҳост. 
Фоли неке дар талоши рӯзгору зиндагист, 
Баҳри мову ту нишони пешрафти корҳост.

Дар мулоқот зикр гардид, ки Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», аз 28 декабри соли 2024, дастурамали наву мушаххас барои тай намудани боз як марҳилаи тозаи рушди ҷумҳурии соҳибистиқлол дар арафаи ҷашни миллии 35-солагии истиқлоли комили давлатӣ мебошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода