Маро бобо нагӯед
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 136
Пирӣ давлат аст. На ҳар касро насиб мегардад, ки ба синни пирӣ расад. Дар маъракае шоҳиди баҳси мӯйсафедон шудам. Яке шукри пирӣ мекарду дигаре шикоят аз он. Сеюмӣ бошад, ба осонӣ ба пирӣ тан намедод ва аз “бобо” гуфтани баъзеҳо хафа ҳам мешуд. Синни бобои Қудратулло аз ҳаштод гузаштааст. Симояш нуронӣ аст, неруи қавӣ дорад, худро ҷавон ҳис мекунад. Аз ин рӯ, ӯ талаб менамуд, ки касе ӯро “бобо” ва ё “мӯйсафед” нагӯяд.
Чанд сол қабл завҷааш аз олам даргузашт. Ҳанӯз соли ӯро надода, фарзандонро ба ҳолашон намонда, майли зангирӣ намуд, зани ҷавон. Гӯё безанӣ ӯро тез ба пирӣ мерасонда бошад. Ин қарору талаби падар фарзандонро дар ҳолати ногувор гузошт.
Ҳамсолони бобо шӯхиомез мегуфтанд, ки “офтоби сари кӯҳ асту бояд ғами охиратро хӯрад. Акнун зангирӣ барояш айб аст”. Аз ин “маслиҳат”-ҳо малолаш меомад, зангириро тезониданӣ мешуд. Фарзандон, ноилоҷ, ба ӯ зани ҷавонеро гирифта доданд.
-Каси солрафтаро пир гӯянд, ӯ дарҳол дилшикаста шуда, умед аз зиндагӣ мекунад, зуд пир мешавад,-мегуфт бобои Қудратулло.
-Шахсе ки солаш рафтан гирад, пир мешаваду мӯйсафедаш мегӯянд,-ба баҳс ҳамроҳ шуд бобои Тағойалӣ.- Пир бошам, чаро аз “бобо” гуфтанҳо малолам ояд.
Шукр мекунам, ки ба пирӣ расидаам. Охир аз пирӣ роҳи гурез нест ва онро пинҳон дошта ҳам наме-шавад.
-Нодуруст мегӯӣ, Тағойалӣ,-ҳамоно якравӣ мекард бобои Қудратулло.-Туро “бобо” гӯянд гуфтан гиранд, ихтиёрат, лекин намехоҳам маро ин тавр ном баранд.
Баҳси онҳо охир надошт. Ин ҳамаро дидаю шунида ҳикояте маро ёд омад: Марди панҷоҳсолае аз назди қабристон мегузашт.
Чашмаш ба навиштаҷоти болои санги мазоре афтод. Ному насаб ва санаи таваллуди фавти ӯ дар он лавҳа китобат шуда буд. Мард шаст сол умр дида будааст. “Умри хеле дароз дидааст”,-гуфт зери лаб марди роҳгузар. Бо гузашти солҳо синни мард ба ҳаштод расид. Боз аз назди ҳамон қабристон гузашта истода, назараш ба сабти рӯи санги чанд сол қабл дидааш афтод. Назди қабр нишаста, ояте аз Қуръони маҷид тиловат намуд ва афсӯс хӯрд, ки фавтида умри хеле кӯтоҳ дидааст...
Бале, умр ноаён ва зуд паси сар мешавад, худ ғофил мемонед, солҳои ҷавонӣ чун оби равон мегузаранд. Пас, чӣ бояд кард? Шукри пирӣ кунему пирии худро ба дӯш бигирем ва ё ба он тан диҳем?
Шумо чӣ мегӯед, хонандаи гиромӣ?
С. АТТОР, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00