Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Нашъаҷаллобон ҷазо гирифтанд


Нашъаҷаллобон ҷазо гирифтанд




Дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Назаров Рамазон Амирхонович, соли таваллудаш   1994,  сокини  ноҳияи  Ҷ.  Балхӣ,  ба  корҳои  муфиди ҷамъиятӣ  машғул  нашуда,  муомилоти  ғайриқонунии воситаҳои нашъадорро аз ҷониби гурӯҳи муташаккил бо маслиҳати пешакӣ ба миқдори махсусан калон содир намудааст.

Мавсуф  охирҳои  моҳи  майи соли  2024  тариқи  шабакаи иҷтимоии  “Вотсап”  бо  Мирзозода Самир  Мунаввар,  сокини  ноҳияи Ҷ.  Балхӣ,  ки  айни  ҳол  дар  яке  аз муассисаҳои  ислоҳӣ  дар  Федератсияи  Россия  адои  ҷазо  намуда  истодааст,  ҳамсуҳбат  шуда,  бо  ҳам маслиҳати  дар  оянда  ба  муомилоти  ғайриқонунии  воситаҳои  нашъадор  машғул  шудан  ва  аз  ин ҳисоб  фоидаи  муфт  ба  даст  оварданро  намудаанд.  Мирзозода  С. М.  ба  Назаров  Р.  А.  пешниҳоди  аз махфигоҳ  гирифта,  интиқол  додани  миқдори  махсусан  калони воситаҳои  нашъадорро  мекунад, ки   қочоқчиёни  Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон  дар  махфигоҳе,  воқеъ дар  ноҳияи  Ҷайҳун,  пинҳон  кардаанд.  Баъдан  Мирзозода  С.  ба  Назаров  Р.  А.  супориш  медиҳад,  ки 10  килограмм  воситаҳои  нашъадори  навъи  ҳашишро  аз  махфигоҳи суроғаи  зикргардида  гирифта, онро  ба  ноҳияи  Ҷ.  Балхӣ  интиқол диҳад.  Бо  мақсади  амалӣ  намудани  кирдорҳои  ҷиноятпешаи  худ шаби  14-уми  июл   Назаров  Р.  М. ҳамроҳи  шахсони  мусоидаткунанда ба ноҳияи Ҷайҳун рафта, тибқи дастур  ва  роҳнамоии  Мирзозода С.  М.  аз  махфигоҳ  як  халтаи  рангаш  сафеди  дар  дохилаш  10  адад бастаҳои  воситаҳои  нашъадори навъи  ҳашишдоштаро  дарёфт  намуда,  онҳоро  ғайриқонунӣ  соҳиб шуда, дар дохили борхалтаи саҳроӣ ҷойгир  ва  бо  мақсади  ба  нафари дигар супоридан, ба самти ноҳияи Ҷ. Балхӣ интиқол додаанд. 

Дар  натиҷаи  гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби  кормандони  фаврии  РВКД дар  вилояти  Хатлон  дар  ноҳияи Ҷайҳун Назаров Р. М. бо гумонбарӣ дар  муомилоти  ғайриқонунии воситаҳои  нашъадор  дастгир  гардид.  Аз  ӯ  борхалтаи  саҳроии  дар дохилаш  миқдори  махсусан  калони  воситаҳои  нашъадори  навъи ҳашишдошта,  дар  ҳузури  шахсони холис ҳамчун далелҳои шайъӣ гирифта шудаанд. 

Пас  аз  дастгир  шуданаш  Назаров  Р.  А.  бо  мақсади  дастгир намудани  дигар  аъзоёни  гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб бо кормандони  милитсия  ҳамкорӣ  мена-мояд.  Тибқи  супориши  Мирзозода С. М. бояд ӯ 8 килограмм воситаҳои нашъадори  навъи  ҳашишро  ба ноҳияи  Восеъ  интиқол  дода,   дар махфигоҳ  пинҳон  намуда,  ҷойи пинҳоннамудаашро  акс  гирифта, тариқи “Вотсап” ба Мирзозода С.М. ирсол менамояд ва шахсони махсус омада,  воситаҳои  нашъадорро  аз махфигоҳ мегиранд.

Баъдан, 17 июлисоли 2024 Хоҷаёров Раҳматулло Эмомназарович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми гирифтани маводҳои нашъадор аз ҷониби кормандони милитсия бо гумонбарӣ дар муомилоти ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор дастгир гардида, далелҳои шайъӣ гирифта шудаанд. 

Аз тарафи ШТ РВКД дар ви-лояти  Хатлон  нисбати  Назаров Р.  А  ва  Хоҷаёров  Р.  Э.,  бо  моддаи 200  қисми  4,  бандҳои  «г,  д»-и  КҶ Ҷумҳурии  Тоҷикистон  парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. 

Бо  ҳукми Суди  вилояти  Хатлон   аз  12.11.2024  судшавандагон Назаров   Рамазон  Амрохонович ва  Хоҷаёров  Раҳматулло  Эмомназарович  дар  содир  кардани амалҳои  ҷиноятӣ   бо   моддаи  200 қисми 4 бандҳои «г,д» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба  онҳо  ҷазои  маҳрум  сохтан  аз озодӣ  ба  муҳлати  17-солӣ,  бо адо  намудани  ҷазо  дар  колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст. 

Варқаи Зайниддин,
ёрдамчии калони прокурори 
вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода