Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Палав дар тоқӣ


Палав дар тоқӣ




Солҳои ҳафтодуми аҳди Шуравӣ доир шудани ҳар як тӯй боиси хурсандии мардум, бахусус бачаҳои хурдсол мегашт. Тӯй онҳоро аз деҳаҳои ҳамсоя ҷамъ меовард. Он солҳо одоби тӯйравӣ ба  низом  риоя  мегардид.  Кӯдаконро  байни  калонсолону сари деги хӯрок дида намешуд. Нурхон-ака  Ниёзов,  рӯзноманигор  (руҳаш  шод  бошад), воқеаро, ки ҳамон солҳо дар Қубодиён ба вуқӯъ пайваста буд, нақл намуда, дӯсти солҳои бачагиаш Давронро ёдрас шуда буд.

Дар  хонаи  ҷӯрааш  тӯй доир гардид.  Маърака  дар авҷ буд ва деги оши палав тамом мешуд. Соҳибхонаю кадбонуҳо  мекӯшиданд, даставвал  ба  меҳмонону ҳамсояҳои  худ  хизмат  расонанд.  Ҳар  яке  дар даст лаган ба одамони “худӣ” палав мебурданд. 

Лаган намерасид. Даврон намедонист, чӣ тавр ба  ҷӯраҳояш,  ки  онҳоро  ба  тӯй  даъват  карда буд,  хӯрок  диҳад.  Як  гурӯҳ  бачаҳои  ҳамсолаш беруни  дарвоза  интизори  палавхӯрӣ  буданд. Писарча гоҳе ба деги холишудаистода менигаристу гоҳе ба чашмони маъюси ҷӯраҳои ба умед сӯяш дидадӯхта.

Даврон дид, ки касе ӯро эътибор намедиҳаду ба  вай  палав  доданӣ  нестанд,  чашми  онҳоро хато  карда,  лагани  ошро  гирифта,  гурехтанӣ шуд. Вале калонсолон лаганро аз дасти бача гирифтанд. Аз беруни дарвоза бошад, дастафшо-нию  садои  ҷӯраҳояш  шунида  мешуд:  “Даврон, зудтар палав биёр, боз тамом нашавад!” Ӯ боз назди дег омад. Пилтатоқии куҳнаи шушадамидаашро аз сар гирифта, чолокона лагани пури ошро  ба  он  холӣ  намуд.  Хизматчиҳо  ба  тоқии чиркини  бача  нигариста,  дигар  илоҷи  бозпас гирифтани онро наёфтанд. Даврон тоқии ошро назди  бачаҳо  овард.  Онҳо  бо  иштиҳо  палавро хӯрда,  таги  тоқиро  ҳатто  лесида  монданд.  Писарча  боз  тоқии  равғаншудаашро  бепарвоёна ба сар карду вориди ҳавлӣ шуд. Хурсанд буд, ки бо ин “усул” шиками “меҳмонон”-ашро сер карду паймони дӯстӣ ба ҷо овард...

С. АТТАР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода