Падар - сутуни хонадон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 297

Падар ҳам дӯст медорад, чу модар, лек фарзандаш,
Давоми умри вай бошад зи баски ин ҷигарбандаш.
Намехоҳад ба дунёе диҳад як хандаи ӯро,
Намояд ҷони худро садқаи як ҳарфи дилбандаш.
Оре, падар шахси беандоза ғамхору дилсӯз буда, тарбиятгари ҳамаи наслҳост. Ӯ ҳамеша сипару ҳимоятгар ва пушту паноҳи мост. Падар ҳаст, ки зиндагиамонро пурнур намуда, ғаму дардро аз қалбамон дур месозад.
Будани падар як хушбахтии беканор аст, вале сад афсӯс, ки ин хушбахтӣ дер давом намекунад, тақдир ӯро аз мо ҷудо месозад. Ҳангоме ки исми падар ба забон ё дар хаёлам меояд, чунон дарде диламро фаро мегирад, ки аз дарун месӯзам, чунки набудани падар бароям хеле дарднок аст, ки захмаш ҳеҷ вақт пок намешавад. Падар, тамоми хушҳолии ман ту будӣ. Ҳамеша мехостам туро дар канори худ бубинам, вале, афсӯс, ки ту дигар нестӣ.
Ҳамеша он рӯзҳоеро ба хотир меорам, ки ту аз кори шабонарӯзиат бармегаштӣ ва бо мо дар сари дастархон нишаста, якҷоя хӯрок мехӯрдӣ. Бо мо ҳар гуна шӯхиҳо мекардӣ ва насиҳатҳо низ мекардӣ.
Бо гузашти замон акнун бемор шудию дар бистари беморӣ хобидӣ. Ман гумон мекардам, ки аз ин беморӣ шифо меёбию дубора зиндагиро давом медиҳӣ, вале ин тавр
нашуд. Баъд аз чаҳор соли беморӣ зиндагиро падруд гуфтию моро тарк кардию рафтӣ. Ман ба даргоҳи Худованд дуо мекунам, ки рӯҳатон ҳамеша шод бошаду ҷоятон ҷаннат.
То вақте ки мо ҳастем, ёди падар дар дилҳо боқист.
Муниса САЛИМОВА,
коромӯзи “Хатлон”
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...