Оқилон дар дами сел манзил намекунанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 1 246
Намояндагони ВАО борҳо дар расонаҳои хабарӣ доир ба селҳои харобиовари шаҳри Кӯлоб андешаронӣ карда мегӯянд, ки бо вуҷуди селҳои пай дар пай ва зарари ҳангуфт ташкилот ва мутасаддиёни масъул дар ин бора тадбирҳо намеандешанд.
Аммо онҳое, ки дар дами сел, яъне деҳаҳои Тебалай, Девонасой ва Шурсой манзил сохтаанд, худсарона заминро ғасб накардаанд. Онҳо бо қарори ҳукумати маҳал ва меъморони шаҳр қитъаҳои мазкурро соҳиб гардиданд. Дар селомади гузаштаи Чармгарон барои афроди зарардида воқеан ҳам дар қитъаҳои беҳтар манзил сохта буданд.Дар боришоти 11 - 12 уми майи имсола бошад, бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба таври фаврӣ Ситод ташкил карда шуд. Вазифаи он бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ буд. Ҳотамшо Латифзода, муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси зиёни сели 11-12 майи соли ҷорӣ чунин иброз дошт: «Бар асари селомади имсола ба аҳолӣ ва иқтисодиёти шаҳри Кӯлоб зарари калони моддӣ ва маънавӣ расидааст. Аз ҷумла, 3 нафар ҳалок шуда, инчунин талафоти ҳайвоноти хонагӣ, вайроншавии манзилҳои истиқоматӣ, бино ва иншоотҳои маишӣ, роҳу кӯпрукҳо, хатҳои интиқоли об, барқ ва канализатсия, пойгоҳҳои обкашию интиқоли барқ, деворҳои муҳофизатӣ ва селпарто, заминҳои наздиҳавлигӣ ва зироату боғу роғи мардум ба қайд гирифта шудааст».
Ҳотамшо Латифзода, ҳамчунин афзуд, ки маҳаллаҳои аҳолинишини деҳаи Чаманзор, қитъаҳои 3-4-5 ва 6, деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти «Зарбдор», маҳаллаҳои Хати роҳ , кӯчаҳои ба номи Содиқов, Ҷумъа Алӣ, Ҷомӣ, Офтобрӯя, Раҳимзода, Ваҳдатобод ва кӯчаҳои Нонбойи поён, Суғдиён ва Куҳнашаҳр аз ин қабиланд.Тибқи маълумоти комиссия аз офати табиӣ 143 хона зарар диданд. Аз ҷумла, 43 хона пурра, 100 хона қисман, 1699 замини наздиҳавлигӣ ва биноҳои ёрирасони шаҳрвандон, 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ, томактабӣ ва кӯдакистонҳо низ зарар дидаанд. Роҳҳои нақлиётӣ моҳияти маҳаллӣ, байналмилалӣ таъмирталаб шудаанд. Ҳамчунин, се кӯпруки маҳаллӣ, хатҳои интиқоли барқ, 350 метр хатҳои алоқа, 13,5 км иншоотҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, 400 метр сатҳи муҳофизатии дастгоҳи обрасон, 8,4 км каналҳои обрав, 5,1 км селпартовҳо, 128,36 га кишти зироатҳо, аз ҷумла 31,65 га пахта, 30,59 га ғалладона, 36,4 га сабзавот аз офат зарар дидаанд. Он чӣ гуфта шуд, ба ҳолати 25 майи соли 2021 рост меояд, аз ин ҷиҳат дар рӯзҳои минбаъда ҳаҷми ҳисорот эҳтимолияти каму зиёд шудан дорад.
Шурӯъ аз 12 май барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб қувва ва воситаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 техника ва таҷҳизот, нақлиёти муҳандисӣ, 100 нафар хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҳисоби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ 30 техника ва таҷҳизоту нақлиёти махсус, 400 нафар хизматчиён, сохторҳои минтақавӣ, ихтиёриён аз шаҳрвандони Кӯлоб ҳамарӯза дар амалҳои поккории мавзеъҳои зарардида фаъолона иштирок мекунанд. То имрӯз 562 хонаи истиқоматӣ пурра аз обу лой тоза карда шуданд. Корхонаю ташкилотҳо дар иҷрои ин амал саҳми худро мегузоранд. Масалан, муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобигарди шаҳри Кӯлоб бо истифода аз қувва ва имкониятҳои худ кӯчаҳои Дамирзода, Хати роҳ ва маҳаллаи Нонбойи поён, ки аз обу лой пур гардида буданд, тозакорӣ карда, 5 км роҳро сангфарш намуданд. Ҷиҳати барқарор намудани хатҳои кандашудаи барқ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудану сари вақт мардумро бо барқ таъмин кардан тамоми чораҳо андешида шудаанд. Махсусан, аз кор баромадани хатҳои обтаъминкунӣ дар 17 маҳаллаи шаҳр 5200 хоҷагиро аз оби нӯшокӣ маҳрум гардонд.
Ин мушкилоти вазнин тавассути корҳои шабонарӯзӣ дар арафаи баанҷомрасӣ мебошад. Барои кумак ба мардуми аз офати табиӣ зарардида маводҳои сохтмонӣ ва ғизоӣ ворид шудаанд. Мувофиқи маълумоти Агентии захираҳои моддӣ -давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагон, ки 1430 хоҷагӣ мебошанд, аз ҷумла 43 оилаи бехонамонда ба миқдори ду халтагӣ орд, 20 литр равған, 10 кг макарон, 10 кг биринҷ, 10 кг шакар, 20 кг картошка, 20 кг пиёз ва 2кг гӯшт, масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла 2 тонна семент, 11 дона шифер, 5 дона гипскардон, 5 дона ДВП ва 2000 сомонигӣ маблағ дода шуд. Инчунин, ба 1287 оила мувофиқи зарари дидаашон маводи хӯрока дода шуд.
Ситоди аз ҳисоби мақомотҳои ҳукуматӣ ташкилёфта ҳамаи маводи ғизоӣ ва сохтмонии воридшударо ба ҳар оила мувофиқ бар зарари дидаашон холисона тақсим карданд. Як нуктаи дигарро қайд кардан зарур аст, ки тӯфони рӯзи 30-май дар ноҳияҳои минтақа ба вуқӯъомада, ҳаҷми зиёни ба аҳолӣ расонидаро боз ҳам зиёд намуд. Дар натиҷаи шамоли сахт болопӯши биноҳои истиқоматӣ, мактабҳо, беморхонаю иншоотҳои таъйиноти мухталиф зарари ҷиддӣ диданд, ки айни замон корҳои баҳисобгирии ин хисорот давом дорад.
Ғайбулло Ҳалимов, рӯзноманигор
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04