Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ҳунар ганҷинаи бебаҳост


Ҳунар ганҷинаи бебаҳост




Ҳунар  ганҷинаи  бебаҳое  барои  инсон  аст. Ҳунарманд метавонад бо ҳунари доштааш ҳамаро дар ҳайрат гузорад. Шахси ҳунарманд новобаста аз он ки чӣ гуна ҳунару истеъдодро соҳиб аст, дар дилу дидаи мардум  ҳамеша  ҷойгоҳи  хос  дорад.  Имрӯзҳо  мо  мушоҳида мекунем,  ки  бонувони  мо  бо  ҳунари  волои  хеш  мо  ва фарҳанги мардуми тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамоянд.  Яке  аз  чунин  бонувони  ҳунарманд  Нажмиддинова Ҳабиба аст, ки тавонистааст бо ҳунари худ дар дилу дидаи мардуми Хатлонзамин ҷой гирад.

Ҳабиба  аз  хурдсолӣ  ба касби дӯзандагӣ майлу рағбат дошт  ва  ин  ҳунар  барояш  аз модаркалон  мерос  мондааст.  «Вақте  ки  хурдсол  будам, модарам  ва  апаам  дархости муштариёнашонро  қабул  мекарданд  ва  ба  дӯхтани  либос шуруъ  мекарданду  ман  ҳам бо  шавқ  ба  онҳо  менигаристам  ва  мехостам  мисли  онҳо дӯзанда  шавам,  ки  билохира ба  мақсадам  расидам.  Тавре   мегӯянд,  ба  чизе,  ки  талош мекунӣ ва сидқан мехоҳӣ, метавонӣ бирасӣ»,- гуфт ӯ.

Ҳабиба  ба  ғайр  аз  касби  дӯзандагӣ  боз  ба  гулдӯзӣ, муҳрадӯзӣ дар аксҳои деворӣ, қуроқдӯзӣ  ва  дигар  касбҳо низ  машғул  аст.  Аз  соли  2016 ҳуҷҷатҳояшро ба ДДБ ба номи Носири  Хусрав  супорида,  ба факултаи  техника  ва  технология  ба  таври  фосилавӣ  дохил шуда,  то  соли  2021  идомаи таҳсил намудааст. 

Худи  ҳамон  сол  ба  ҳайси омӯзгори  фанни  касбу  ҳунар дар  Донишгоҳи  давлатии  Бохтар  ба  номи  Носири  Хусрав корро  шуруъ  намуда,  тӯли чанд  сол  мешавад,  ки  дар  ин самт  фаъолият  намуда  истодааст.  Дар  ҷодаи  касби  худ чандин  шогирдони  муваффақ низ дорад. Дар соли 2022 дар озмуни  байналмилалии  занони пурҳунар, ки дар Алтай баргузор  гардид,  аз  рӯи  дӯхтани либосҳои  миллӣ  ба  синтези аврупоӣ  иштирок  намуда, 

соҳиби  ҷойи  аввал  гардид  ва соли 2023 дар даври вилоятии озмуни  “Илм-фурӯғи  маърифат”  (ҳамроҳи  шогирди  худ) бо  дӯхтани  муҳраҳо  дар  акси пиряхи  Федченко  иштирок  намуда, сазовори ҷойи 1-ум гардиданд.  Дар  оянда  духтару наберагонаш  низ   мехоҳанд идомадиҳандаи  касби  ин   модари соҳибҳунар гарданд.

Зуҳро БОУРШОЕВА, 
коромӯзи “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода