Ворух аз Тоҷикистон аст!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Сиёсат, Боздид 1 369
Рӯзҳои 29 - 30 апрели соли равон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низоъҳои марзӣ ба миён омад.
Инъикоси ҳодисаҳои марзӣ то бечоранолии тарафи муқобил дар фазои иттилоотии хориҷи кишвар бисёр нофаҳмиҳоро ба бор овардааст. Ба ин асосан душманони ҳарду давлат аз хориҷи кишвар манфиат доранд. Айни ҳол вазъ дар марзи ҳар ду кишвар хеле хуб аст. Неруҳои низомии ҳарду давлат аз сарҳад дур бурда шудаанд ва мардум ба ҳаёти осоиштаи худ баргаштаанд. Ин хеле хуб аст, ки вазъ ором гаштааст. Дар он ҷое, ҳодисаҳо рух доданд, бисёр ҳам даҳшатовар буд, алалхусус мардуми аҳолинишине, ки хонаҳояшон ба марз наздик буд. Имрӯз шабакаҳои интернетӣ яке аз воситаҳои зудпаҳнкунанда ва манбаи муҳими иттилоъ гардидааст, ки инъикоси масъалаҳои марзиро дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ бархилоф инъикос менамоянд, чунки дар ин миён афроде ҳастанд, ки аз ин ҳодиса сӯйистифода карда, онро ба нафъи ғаразҳои сиёсии худ истифода мекунанд. Инъикоси масъалаҳои марзӣ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ва Қирғизистон тафовут доранд. Воқеан ВАО-и Қирғизистон то ҳадде тавонистанд, хабарҳои бapдypӯғу фейкиро паҳн намоянд ва ҳатто ба ҷониби Тоҷикистон туҳматҳо мекарданд. Мардуми одиаш низ аксуламалҳо нишон медоданд. Онҳо ҳар чизе, ки медиданд, ба навор мегирифтанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекарданд. Ҳатто сангзанӣ ва ҳам тирандозиашонро, ки боиси хашму ғазаби мардуми тоҷик гардид, ба намоиш гузоштанд. Онҳо демократияро ба таври худ мефаҳманд ва дар 30- соли истиқлолияташон 6 маротиба интихоботи президентӣ гузаронида, 6 нафар Президентро иваз карданд. Ғайр аз ин, онҳо бо бародарони ӯзбеки худ чунин муноқишаи байнимарзӣ намуда, анқариб миллат ва давлати худро аз даст диҳанд. ВАО-и онҳо ҳам аз рӯи принсипи демократияи горбачёвӣ истифода бурда, ба ҷойи ҳар як сухани созанда суханони сӯзандаро истифода мебаранд, яъне онҳо худро «хеле озод» ҳис мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби истифодабарандагони тоҷик ҳамавақт ба хотири оромию сулҳ, тинҷию осоиштагӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ байни халқҳо то ҳадде кӯшиш доранд, ки маълумоти бардурӯғ паҳн накунанд. Баъдан, хабарнигорон ва истифодабарандагон ба гурӯҳҳои аз вазъ бохабар ва аҳолӣ гуфтанд, ки аксҳову наворҳои низомиёни тоҷикро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нагузоред, ки ҷойгиршавии макони онҳо сирри давлатӣ аст ва бояд аз имкониятҳои ҳарбӣ кишвари ҳамсоя бохабар нашавад, зеро тибқи қонунгузорӣ манъ ҳаст ва воқеан ҳам мардум инро риоя кард, яъне то ҳадде кӯшиш карданд, ки аксҳову наворҳои баҳсбарангезро нагузоранд. Ҳар як шаҳрванди ҳушёри тоҷике, ки аз вазъ бохабар буд, аз баҳсҳое, ки дар ҳақиқат вуҷуд дошт, дар шабакаҳои иҷтимоии худ мегузоштанд ва фаъолона иштирок мекарданд. Яъне, дар ҳодисаҳои марзӣ мо тавонистем, ки муттаҳидии мардуми тоҷикро нишон диҳем ва тавонистем, тамоми қувваю имкониятҳоро ба ҳифзи сарҳад ва ҳифзи ҳар як порчаи хоки Ватан равона намоем. Мардони шуҷои Тоҷикистон, ки бисёр халқи бо таҳаммулу сулҳпарвар мебошанд, дар паҳлуи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истода, метавонанд ва дар ҳама ҳолат барои як каф хоки сарзамини аҷдодии Ватани азизи худ сарҷамъ омада, онро ҳифз намоянд.
Абдукарим Иброҳимзода, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Ҷайҳун», узви ИЖТ
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
12-05-2021, 17:57
-
25-02-2021, 23:30