Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » КАФОЛАТИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН


КАФОЛАТИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН



Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ  –  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосгузори Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол  мебошад.  Сарвари давлат ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати амалӣ шудани  онҳо  дар  Қонуни  асосии  кишвар  диққати аввалиндараҷа  дода,  таъкид  карданд,  ки  Қонуни асосӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муайян намуда, доираи татбиқи онро танзим мекунад.

Конститутсия, ки қонуни асосӣ ба шумор меравад, қувваи олии ҳуқуқӣ дорад. Ҳамаи дигар қонунҳо дар асоси вай ва мувофиқи он қабул карда мешаванд.

Конститутсия ҳимояидавлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад. Чунончӣ, дар моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст: “Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”. 

Ин давлатро уҳдадор менамояд, ки бо воситаҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва озодии инсон ва шаҳрвандро риоя ва амалӣ гардонидани онҳо таъмин намояд.

Мувофиқи  моддаи  64-и  Конститутсия,  “Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон  ва  шаҳрванд,  кафили  истиқлолияти  миллӣ, ягонагӣ  ва  тамомияти  арзӣ,  пойдориву  бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории  онҳо,  риояи  қарордодҳои  байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.

Уҳдадории  ба  амал  баровардани  чораҳо  оид ба  таъмини  ҳуқуқу  озодиҳо  ба  ваколати  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  вогузор  гардидааст.  Дар кафолатдиҳии  ҳуқуқу  озодиҳо  тамоми  шохаҳои  давлат  (мақомоти  қонунгузор,  иҷроия  ва  суд)  иштирок менамоянд.

Ба ҳар кас ҳимояи судии ҳуқуқу озодиҳояшро кафолат медиҳад. Ҳар шахс ҳақ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият ва беғараз баррасӣ намояд.

Нисбати  ҳама  гуна  қарор  ва  ҳаракату беҳаракатиҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидораи маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони ман-сабдор ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Давлат ҳимояи ҳуқуқии ҷабрдида ва ҷуброни зарари  ба  ӯ  расидаро  кафолат  медиҳад.  Масалан, мувофиқи қонунгузории амалкунанда зараре, ки дар натиҷаи  ғайриқонунӣ  ба  ҷавобгарии  ҷиноятӣ  кашидан,  ғайриқонунӣ  аз  озодӣ  маҳрум  кардан  ва  дар ҳабс нигоҳ доштан, ғайриқонунӣ гирифтани забонхат дар бораи ба ҷое нарафтан, ғайриқонунӣ дар шакли ҳабс нигоҳ доштан ва корҳои ислоҳотӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст, бояд ҷуброн карда шавад.

Зарари моддӣ ва маънавии дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии  мақомоти  давлат,  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ  ё  шахсони  алоҳида  расонидашуда  аз ҳисоби  онҳо  мувофиқи  қонун  ба  фоидаи  ҷабрдида ҷуброн мегардад.

Дар асоси моддаи 18-и Конститутсия давлат дахлнопазирии шахсро кафолат медиҳад, яъне нисбати ҳеҷ  кас  шиканҷа,  ҷазо  ва  муносибати  ғайриинсонӣ раво дида намешаванд.

Моддаи 30-юми Конститутсия бошад, ба ҳар шахс озодии  сухан,  матбуот  ва  ҳуқуқи  истифодабарии воситаҳои иттилоотиро кафолат медиҳад.

Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  ғайр аз  ҳуқуқу  озодиҳо,  инчунин  уҳдадориҳои  инсон  ва шаҳрвандонро пешбинӣ менамояд, чунки уҳдадориҳо бевосита  бо  ҳуқуқу  озодиҳои  инсон  ва  шаҳрванд алоқаманданд.

Сафармуҳаммад ЗАРИФӢ, 
ҳуқуқшинос

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода