Санади сарнавиштсоз
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 октябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 113
6-уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Қонуни олии кишвар бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз ифодагари азму иродаи мардум буда, роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян менамояд.
Имрӯз бо боварӣ гуфта метавонем, ки Коснтитутсияи кишвар санади асосиест, ҷиҳати бунёди ояндаи дурахшони миллати тоҷик. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзишҳои олӣ эътироф карда, тамоми рукнҳои давлатро барои амалан таъмин намудани ҳифзу риояи он масъул сохтааст.
Конститутсия чун ифодагари армонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик, самти инкишофи бебозгашти давлатдории миллати тоҷикро ба сӯи демократия ва бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ муайян намудааст.
Маҳз бо риояи қатъии меёрҳои конститутсионӣ мо барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон эътироф шудааст. Бо қабули он дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон таҳаввулоти бузург ба вуҷуд омад. Он дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастан бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт.
Дар ҳақиқат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормони халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои дав-латдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи му-соид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард. Яке аз зарфиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи башардӯстӣ буда, арзиши олии он эътироф гар-дидани ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.
Шоҳрух НЕЪМАТЗОДА,
муфаттиши калони прокуратураи ҳарбии
гарнизони Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...