Маърифати ҳуқуқӣ- омили таъмини манфиатҳои ҷавонон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 октябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 179
Воқеан ҳам, Пешвои муаззами миллат ба хотири баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонони саодатманди диёр пайваста тадбирҳои судманд андешида, баҳри инкишофи ҷомеа, баланд бардоштани муносибати байниҳамдигарии сокинон ва ҳифзи арзишҳои моддӣ ва маънавии мамлакат талошҳои шабонарӯзӣ менамоянд.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва нахустдараҷаи кишварҳое маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд. Дар моддаи якуми Конститутсияи амалкунанда хусусиятҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Арзишҳои номбурда собит месо-занд, ки давлат дар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфта, рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Маҳз ҳамин ниятҳои нек аст, ки роҳбарияти олии мамлакат чунин тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, рӯз то рӯз баҳри беҳбудии шароити зисту зиндагии сокинон имкониятҳои нав ба навро фароҳам оварда истодааст.
Мусаллам аст, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон кори саҳлу осон набуда, шахси аз ҷиҳати ҳуқуқӣ бомаърифатро наметавон дар як рӯз ё як солу панҷ сол тайёр намуд. Ин раванд дар робита бо оила, мактабу маориф ва иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа метавонад самари нек ба бор оварад.
Бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати мамлакат баҳри пиёда сохтани ҳадафҳои созанда дар самти кор бо ҷавонон як қатор Барномаҳои муҳиму саривақтӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст. Яке аз барномаҳои давлатӣ, ки маҳз дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон саҳми бориз дорад, ин «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ба шумор меравад.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бар-номаи мазкур аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия 206 маротиба чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ, мулоқоту вохӯрӣ, аксияҳои иттилоотӣ бо фарогирии 33002 нафар аҳли ҷамоатчигӣ, бахусус ҷавонон, инчунин, сарбозону афсарони қисмҳои низомии дарноҳиябуда баргузор намудааст.
Мақсад аз баргузории мулоқоту вохӯриҳо ин пешгирии омилҳои но-матлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон ва наврасон, аз қабили ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, зӯроварӣ, худкушӣ, ва сӯиқасд ба ҷони худ, танфурӯшӣ, хариду фурӯши инсон, ҳамзамон тарбияи ҷавонон дар руҳияи созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби идеологияи солим маҳсуб ёфта, аз пиёда намудани ташаббуси Пешвои му-аззами миллат оид ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дарак медиҳад.
Яке аз унсурҳои маърифати ҳуқуқӣ риояи қонун ва сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор додани он бошад, масъалаи дигари ин тадбир коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, паст намудани хатарҳои гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии ҷавонон ва гаравидани онҳо аз чунин равияҳо ва, пеш аз ҳама, баланд бардоштани саводи ҳуқуқии ҳар як фарди кишвар маҳсуб меёбад.
Эҳтироми волидайн, тарбияи дурусти фарзанд, риояи тартибу низом, дур будан аз кирдори бад, сухани зишту рафтори қабеҳ дар маърифати оиладории миллати тоҷик аз азал бо роҳи ирсӣ омада, муайян ва қабул шудааст. Қобили қайд ва ифтихор низ ҳаст, ки маърифати оиладории тоҷикон дар ҳеҷ миллату халқиятҳои дигар дида намешавад. Ин падида бештар дар осори ниёко-ни мо баён гардида, наврасону ҷавононро дар руҳияи эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва суннатӣ ҳидоят мекунад.
Мақсади мо-ҷавонон, пеш аз ҳама, муттаҳид будану пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба ин васила саҳм гузоштан дар таъмини рушди устувории иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста, тарбияи ҷавонони худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят фарди дорои қобилияти шинохти равандҳои мураккаб дар байни ҷавонон ба шумор меравад.
Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо дар сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон муттаҳиду сарҷамъ буда, баҳри боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ки яке аз вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад, талоши бештар намуда, ин тадбири муҳиму саривақтии Пешвои муаззами миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Шамсиддин САИДОВ,
мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...