Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » У. Ҳайдаров барои таҳқир ва паҳн кардани наворҳои бадномкунандаи боздошт шуд


У. Ҳайдаров барои таҳқир ва паҳн кардани наворҳои бадномкунандаи боздошт шуд




Бино ба иттилои дафтаи матбуотии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон як нафар ҷавондухтари сокини шаҳри Бохтар бо ирсоли якчанд навору расм, ки бозгӯи ҳаракатҳои ғайриахлоқона буд, аз мақомоти милитсияи вилояти Хатлон дархост намуд, ки нисбати ҳодисаи мазкур чораҳои ҳуқуқӣ дида шавад.

- Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон як қатор чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардида, дар натиҷа ҷавони гумонбар дар содирнамоии ҳаракатҳои авбошона ва ғайриахлоқӣ ба Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дастрас карда шуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Ҳайдаров Умед Сулаймонович сокини шаҳри Бохтар мебошад, - навиштааст Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон.

Ба гуфтаи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон номбурдагон бо ҳам шинос буда, аз сабаби рашк ва нофаҳмӣ ҷавонписар нисбати ҷавондухтар амалҳои ғайриқонунӣ ва таҳқиру латукӯб анҷом дода, расму наворҳои ғайриахлоқонаи ҷавондухтарро ба таври маҷбурӣ сабт ва қисме аз онҳоро дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм пахш намудааст.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Ҳайдаров Сулаймон барои содир намудани кирдорҳои ғайриахлоқӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шудааст.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода