КӮЛОБ. РОҲҲОИ МАҲАЛЛИ МУМФАРШ МЕШАВАНД.
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 144
Бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша дар баробари сохта ба истифода супоридани иншооти ниёзи мардум ба бунёду азнавсозии роҳҳо камари ҳиммат бастаанд.
Дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Кӯлоб бо ташаббус ва ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва сокинони маҳаллаи мазкур мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ бо маром идома дорад, ки ин мушкилоти сокинонро осон мегардонад.
Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи мумфарш намудан ва дастрас кардани масолеҳи роҳсозӣ аз ҷониби соҳибкорон ва сокинони ноҳия ба ҳукми анъана даромада, дар дигар ҷамоату маҳаллаҳои шаҳр низ ин амали хайр идома дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади озоди сокинон роҳҳои маҳаллии маҳаллаи Умари Хайёми шаҳр бо ҷалбӣ аҳолӣ дар ҳоли анҷомёбист.
Гуфта шуд, ки асфалти истифодашуда дар роҳҳои марказии ноҳия истеҳсоли корхонаҳои маҳаллӣ буда, корҳои таъмириву мумфаршнамоӣ бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ бароҳ монда шудааст.
Бо мумфарш кардан ва бунёди корҳои зикршуда ҳолати рафтуомади аҳолӣ, алалхусус ашхоси маъюб, кӯдакон ба мактаб беҳтар гардида, бехатарии ҳаракат дар роҳ таъмин мешавад.
Инчунин, натиҷаи ин амал ба ҳусни маҳаллаҳо ҳусни дигар зам хоҳад кард.
А. Алишер "Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...