АМАЛИЁТИ «КОРД». 768 силоҳи сард дарёфт ва мусодира намуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 390
Давоми 3 рӯзи баргузории амалиёти шартии «Корд» аз ҷониби аз ҷониби Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард ва бо худ гардонидани предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда, дар умум 768 силоҳи сард дарёфту мусодира гардида, нисбат ба ҳамаи дастгиршудагон тибқи талаботи қонунгузорӣ тадбирҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуданд.
Тибқи иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз шумораи умумии силоҳҳои сарди дарёфтшуда, аз ҷумла 700 корди гуногунтамға (дудама, рахдор, финка), 24 кастет, 2 электрошокер ва 42 табарчаи сохти ғайримуқаррарӣ дарёфту мусодира шуд ва нисбати ҳамаи дастгиршудагон тибқи талаботи қонунгузорӣ чораҳои таъсиррасонии қонунӣ андешида шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, таҷрибаи тафтишотӣ собит намудааст, ки ҷовонону ноболиғон ин қабил предметҳоро на ба хотири истифода дар корҳои хоҷагидорӣ, балкӣ бо мақсади бо худ нигоҳ доштану дар муноиқшаҳо истифода бурдан, ҳамзамон тарс додани рақибони худ харидорӣ мекунанд, ки далелҳои зиёд аз рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ шоҳиди ин гуфтаҳо мебошанд.
Гуфта мешавад, ки ҳамаи силоҳҳои сарди мусодирашуда, бо қабули қарори дахлдор несту нобуд ва корношоям гардонида мешаванд.
Акс аз сомонаи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...