«Шамоли редактор задааст…»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 260
Дар замони ҷавонии мо тӯйҳои арӯсӣ дурӯза буданд.
Рӯзи аввалро иҷоб мегуфтанд ва рӯзи дуюм — мардумро ба наҳор хабар карда, ош медоданд.
Баъди гузаштани се-чор рӯз ё як ҳафта падари арӯс тарафи қудоро ба маъракаи «талбон» («талбак») даъват мекард. Ҳамон солҳо пешу қафо ҳамсинфон ва ҷӯраҳо хонадор мешуданд.
Ман дар таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» дар вази-фаи муҳаррири техникӣ фаъо-лият мебурдам. Пагоҳии рӯзи чоршанбе аз истгоҳи маҳаллаи Қавчинон то шаҳр бо мошини «Москвич»- и ҷӯраам Нуриддин омадам. Ӯ ваъда дод, ки баъди анҷоми кор наздам меояд ва мо якҷоя ба талбон меравем.
Дар утоқи кории котибот бо Ӯктам Иброҳимов тарҳи шумо-раи навбатиро кашида, маводро ҷо ба ҷо кардем.
-Комил, папкаи захиравиро гиред, - гуфтанд котиби масъул, - як аз назар гузаронем, мабодо материалҳо куҳна нашаванд.
Соати корӣ ба охир мерасид ва ман мехостам тезтар равам.
Ноилоҷ аз ғалладони миз папка-ро гирифта, материалҳоро як-як аз назар мегузарондем, ки дари хона кушода шуд.
-Бори дигар ассалому алайкум, мондаҳои кор, - гуфта сармуҳаррир Нор Остонзода даромаданд.
Мо аз ҷой хестем.
-Муаллим, ҳозир наздатон макети шумораи навбатиро бурданӣ будам, - гуфтанд Ӯктамака.
-Худам омада, роҳкироятонро хеле сарфа кардам,- хандиданд Остонзода.
Ҳамин вақт дари утоқро кушода ҷӯраам Нуриддин даромад. Ӯ аз ин пеш ҳам ду-се бор омада буд. Ӯ дарро тақ-тақ ҳам накард, иҷозати даромадан ҳам напурсид.
-Сомайкӯм, ҳорманг, - Нуриддин бо моён даст дода вохӯрӣ кард.
Аз ин Остонзода эрод гирифта гуфтанд:
-Худатон ба дидан як йигити биноӣ барин. Ассалому алайкум гуфтан, ин одоби саломдиҳӣ мебошад. Баъд ҳорманг нею мондаҳои кор ё монда набошед, гуфтан даркор.
-Хӯш, хӯш, - гӯён Нуриддин назди дар рафт. - Тезтар баро, ман дар пеши мошин меистам.
Вақте ки аз роҳбарон иҷозат гирифта, баромада ба сабукрав нишастам, ӯ пурсид:
-Ин марди қаддарози «ренҷер» кӣ? Муаллимон ба ман ин қадар лексия нахонда буданд.
-Сармуҳаррир.
-А, редактори газит-мӣ?
-Газит не. То ҳол ҳеҷ кас-ро нагазидааст. Остонзода - сармуҳаррири рӯзнома.
-Ду минут даромадам, як олам гап зад. Ба шумо коргарҳо қийин будааст.
-Минут не, ба тоҷикӣ дақиқа мешавад. Қийин нею - душвор гӯй.
-Э-э-э, - гӯён хандида ба кит-фам зад Нуриддин. - Тубаям ша-моли «редактор» задааст.
Комил ҶӮРАЗОДА,
шаҳри Самарқанд
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...