Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » АВРОҚИ РАНГИНИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ


АВРОҚИ РАНГИНИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ


Соли 1998. Дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ин давра нишон дод, ки роҳбарияти олимақоми давлати соҳибистиқлол барҳақ сохтори интихобкардаи худ “соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ” буданро дар амал татбиқ менамояд. Дар оғози сол аз чоп баромадани китоби муқаддаси мусалмонон-“Қуръони маҷид” бо забони тоҷикӣ ва дастраси умум қарор гирифтам гувоҳи ҳамин ақидаҳо мебошад. Ин аввалин қадами ҷиддии давлати соҳибихтиёр дар роҳи ҳамақидагӣ бо мардум буд. Чунки дар даврони Шӯравӣ ин иқдом ба гӯшу хотири касе намеомад. Ҳамчунин, дигар рӯйдоду навгониҳое, ки давоми ин сол ба вуқӯъ пайваст, аз татбиқи Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ, қадамҳои устувор дар роҳи рушди иқтисоду зиндагии шоистаи мардум дарак медод.

Оҳиста-оҳиста аз сохтори пештараи хоҷагидорӣ ба сохтори нав гузаштан низ аз ҳамин сол ибтидо гирифт. Хусусигардонии моликияти ҷамъиятӣ (привитизатсия) оғоз ёфт. Мардуми идеядору соҳибандеша акнун имкон пайдо намуд корхонаву иншоотҳоро хусусӣ гардонида, бо тарзи нав, бо супоридани андоз, ки акнун асоси ғанигардонии буҷети давлат ҳисоб меёфт, ҳамчун соҳибмулк ба фаъолият пардозад.

Ин раванд қадами умедбахш ҷиҳати ба усули нави хоҷагидорӣ ва фаромӯш кардани сохтори пешинаро дар ҷомеа нишон медод, ки дар мавриди дуруст амалӣ шуданашон ба талаботи сохтори мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷавобгӯ мешуд ва натиҷаи самарабахш низ дода метавонист.

Худи ҳамон сол, дар моҳи апрел Анҷумани IV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамин Анҷуман Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон низ мавқеи сиёсии худро муайян кард ва ба узвияти ин ҳизб пазируфта шуда бо як овоз роҳбари он интихоб гардид. Қабул намудани Президент ин ҳибзи созандаро нишони озод гардидани ҷомеаи мо аз мавқеи яккаҳукмронӣ ва роҳи васеъ ба ҳизбҳои дигар буд. Ба ҳамин маънӣ, Сарвари давлат чунин иброз доштанд: “Кӯшиш хоҳам кард, ки таъсири сиёсии ҳизб дар ҷомеа ҳарчи бештар афзоиш ёбад. Ҳадафи бузургтарини мо-бунёди давлати мутамаддини дунявӣ ва демократӣ, таъмини афзалияти арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Барои ин, мо бояд аввал ба ягонагиву ваҳдати миллӣ муваффақ шавем. Марази маҳалгароиро батадриҷ решакан намоем, тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро, сарфи назар аз эътиқоди диниву сиёсиашон, дар атрофи мақсади ягона–бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дунявӣ муттаҳид намоем».

Вале, баъзан мешавад, ки ҷанбаи воқеӣ доштани мақоли “сухан ба гӯши кар ҳайф аст” рӯи об мебарояд. Воқеаҳои хунин дар қаламрави шаҳри Ваҳдат (Кофарниҳон), инчунин, куштору вайронкориҳои зиёд, ки ҳанӯз давом доштанд, аз ниятҳои нопоки гурӯҳҳои мансабхоҳу нотавонбинӣ, ки побасти хоҷагони хориҷӣ шуда буданд, шаҳодат медод. Душманон сулҳу салоҳи давлати тозабунёд, зиндагии оромонаи мардумро намехостанд.

16 майи соли 1998 мулоқоти аввалини Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон, баргузор гардид, ки минбаъд низ чунин вохӯриҳо доир гардиданд. Иқдоми бузурги Сарвари давлат боиси боз гаштани саҳифаи наве дар ҳаёти ҷавонони кишвар гардида, бахш ва раёсатҳои кор бо ҷавонон дар вилоят, шаҳру ноҳияҳои кишвар ба фаъолияти корӣ оғоз намуданд. Дар ин замина, бо Қарори Маҷлиси Олии кишвар (аз 22 майи соли 1998, №628) 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардида, шурӯъ аз соли 1998 инҷониб дар ҷумҳурӣ 23 май ба таври расмӣ чун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қайд мегардад. Ин ҳама дастгириву ғамхориҳо аз мавқеву мақоми хосса доштани ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон гувоҳӣ медиҳад.

Дар асоси мувофиқати ҳосилшуда ва ҷиҳати татбиқи муқаррароти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки соли 1997 байни Ҳукумат ва неруҳои мухолифин дар шаҳри Москва баста шуда буд, ҳамчунин, як идда намояндагони мухолифин ба вазифаҳои гуногуни давлатӣ пазируфта шуданд. Баъдан, вақт нишон дод, ки кадоме аз онҳо ба қасами додааш дар роҳи ватанхоҳиву миллатдӯстӣ устуворанду кадоминаш не. Ҳамчунин, қувваҳои неруҳои мухолифин низ ба Қувваҳои Мусаллаҳи ҳукуматӣ пайвастанд.

Соли 1998 охирин гурезаи кишвар, ки тарки ватан карда буданд, ба манзилу макони худ баргаштанд ва худи ҳамон сол солгарди соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба таври васеъ таҷлил гардид. Дар арафаи таҷлили ин ҷашни муборак, яъне 7-солагии Истиқлолияти давлатӣ қисми аввали роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ба истифода дода шуд.

Ахиран, 3 ноябри соли 1998 роҳи автомобилгарди Мурғоб-ағбаи Қулма кушода шуд, ки онро пайки накӯи пайвас-тани Тоҷикистон бо хориҷи кишвар тавассути шоҳроҳи Қароқурум номидан мумкин аст. Ҳамчунин, ҳамин моҳ мутобиқи Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мавриди амал арзёбӣ гардид. Дар он аз ҷумла омадааст, ки аз рӯи озмун ишғол намудани вазифаҳои давлатии холии хизмати давлатӣ аз 1 июли соли 1999 оғоз меёбад.

Моҳи декабри соли 1998-ум 90-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси шинохта, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон, узви пайвастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллифи китоби «Тоҷикон» Академик Бобоҷон Ғафуров таҷлил гардид...

(Идома дорад)

Исматуллои Гули ОЛИМ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода