ҚАРЗ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 02 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 1 701
... Зиндагии Назар аз дигарон беҳ нест. Рӯзаш ба маош монда. Ӯ дар яке аз корхонаҳои амалкунанда кор мекунад ва маоши ночиз мегирад. Ҳунари дигар-ошпазиро низ дорад. Гоҳ-гоҳе дар маъракаҳои начандон калон ошпазӣ карда, ҳамон рӯз ризқи кӯдаконашро меёбад. Вазъи зиндагӣ борҳо ӯро ба кӯи мардикорӣ хонд. Вале ӯро боз андешаи “ба умеди чор тангаи ғуломӣ аз нимта нони хонаву ҷойи гарми корам намонам”, садди роҳ мешуд.
Соли нави таҳсил фаро мерасид ва ташвиши мард дучанд мегашт. Бо буҷаи хароби оилавӣ харидани китобу дафтар, қаламу дигар ашёи хониш ва либоси мактабӣ азобаш медод. Ягона ҳалли мушкилоти пешомадаро дар фурӯхтани ягона гови ҷӯшои хонадон медид. Яъне, фарзандонро аз як коса шири гарм маҳрум намуда, корро иҷро кардан лозим омад.
Назар субҳи барвақт гову гӯсоларо етак карда, сӯи бозор равон шуд. Ҳанӯз аз деҳа набаромада Шарифи ҳамқишлоқиаш аз сари роҳаш баромад.
-Назар, говата ба чаро бурда истодаӣ?- пурсид Шариф.
-Э, ту напурсу ман нагӯям?-бо табъи гирифта посух дод Назар
-Нафаҳмидам...
-Кошки говро ба чаро мебурдаму дилам мисли ҳезуми тар намесӯхт.
-Наход ба бозор? Чӣ ҳоҷате пеш омада, ки чорпои ширдеҳро мефурӯшӣ?
-Нодорӣ, бародар! Камбағалии сабилмонда ба ин рӯз расонд,-посух дод Назар ва аз дил оҳи сӯзоне баровард.
-Ин тавр бошад, овора шуда ба бозор нарав, молатонро ман мехарам, -гуфтани Шариф соҳиби говро аз ташвиши бозорравӣ халос кард.
Назар гови багӯсоларо ба ҳамдеҳааш фурӯхт. Ӯ аз чорпои ширдеҳ ҷудо гашта, бо дили ғамгин ба хона баргашт. Дар кати рӯйи ҳавлӣ нишаста, пулҳоро аз ҷайбаш барварда, як-як ҳисоб кард ва онҳоро чанд тақсим намуд.
Шайтон ногаҳон пайдо мешавад. Мирзоалӣ ном як шиноси деринааи Назар аз куҷое пайдо шуда, ба шайтонӣ даромад.
-Ҷӯраҷон, говро фурӯхтӣ?
-Бале, ҳоҷате баромад, -гӯён Назар дар даст пулҳо ҳайрон монд.
-Нағз кардӣ, аз азоби алафкобӣ халос шудӣ.
-Ин саги бӯйгир аз куҷо дарак ёфта бошад, ки ман чорпоямро фурӯхтаам?-ба худ суол дод Назар.
-Ҳоҷати дӯстро дӯст мебарорад. Бо як умед аз дарат даромадам, ҳоҷатамро барор,-забон хоида мақсади омаданашро баён кард меҳмони нохонда.
-Мебахшӣ, пули қарз медодагӣ надорам,-кӯтоҳакак фаҳмонд Назар.
-Ноумедам накун, ҳамин пулҳои дастатро бидеҳ, зуд бармегардонам.
-Не, не, наметавонам. Худам ҳам ба ҳамин пулҳо муҳтоҷ мондаам. Ба кӯдакон ашёи хонишу пӯшока харидан лозим,-фаҳмонд Назар.
Мирзоалӣ сархам шуд. Авзояш шакли бечорагиро гирифт. Зиндагии ӯ низ вақтҳои охир вазнин мегузашт. Як муддат ба бизнес гузашт, лекин он ҳам барор нагирифт. Якаш ду намешуд. Ба қарзи калон ғӯта зад. Аз одамон қарз мегирифту дар баргардонидани он мушкилӣ мекашид. Қариб ҳар рӯз шахсони қарздода дарашро мекӯфтанд.
-Маро кушед ҳам, илоҷи баргардонидани қарзро надорам. Пул ёбам, албатта, медиҳам, - ӯ ба ҳама “ҷабрдида”-ҳо ин ҷавобро медод.
Қарздорон бошанд, ба хотири гирифтани пули худ Мирзоалиро “эҳтиёт” мекарданд, намегузоштанд, ки ба пояш хоре халад. Инро Мирзоалӣ хуб медонисту бепарво буд ва қарзҳои нав мегирифт.
(Идома дорад).
С. АТТОР,
«Хатлон»
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30