БАҲОР БАРОЯШ ҲАЁТИ НАВ БАХШИД
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 19 март, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 2 222
(лавҳаи лирикӣ)
Мӯйсафед дар ҷойгаҳ хобидааст. Ҳатто паҳлӯ гашта наметавонад, мунтазири кумаки фарзанди ягонааш мебошад. Худо танашро сиҳат нигаҳ дорад, ки муттакои давраи пириаш аст, писари хурдӣ. Ӯ ба берун менигарад ва дарахти бодом ба чашмаш мерасад. Бодом барвақт гулафшон мешавад, вале имсол баҳор омада бошад ҳам, гул накардааст. Мӯйсафед ҳар рӯз ба дарахт менигарад, мунтазири гулафшон шуданаш аст. Гумон мекард, ки охирин лаҳзаҳои умраш ба гул кардан ё накардани ҳамин дарахт вобаста бошад. Он рӯз ҳам фаро расид. Мӯйсафед ба берун нигарист ва бухудона “воҳ” гуфта монд. Даст ба таноби зангӯла бурд ва бо садои зангӯла писараш ба наз-даш даромад. Мӯйсафед ба писараш бо ишора фаҳмонд, ки тирезаро кушояд. Бӯйи гули бодом фазои хонаро муаттар ва машоми мӯйсафедро хушбӯ гардонд.
Чашмони мӯйсафед пур аз об шуданд ва бо ҳарисӣ ба берун менигарист. Ба хотираш фаро расидани марг не, давраи ҷавониаш расид. Дар рӯзи Наврӯз чӣ тавр бо духтараки хушқомату базеб рӯ ба рӯ омад. Онҳо якдигарро мешинохтанд. Вале ягон маротиба чунин аз наздик бо ҳам вонахӯрда буданд. Дар қалби ҳарду шарораи ишқи ҷавонӣ аланга зад. Ин алангаи ишқи пок буд, ки ҳарду ҷавонро оқибат бо ҳам пайваст. Зиндагиашон хуш буд. Гӯё дар олами афсона зиндагӣ мекарданд, аз чизе камӣ надоштанд. Муҳаббат, ишқ, фарзандону набераҳо сарчашмаи ҳаёташон буд.
Он соли шум барои ӯ ва ҳамдеҳагонаш нохуш омад. Ҷанги шаҳрвандӣ ба хонадони мардум сиёҳрӯзӣ овард. Ҳама нотинҷ буданд. Теғи душманӣ дили мардумро мехарошид, ақлҳо тирагун гардиданд. Деви аҷал тухми душманӣ мекорид. Мӯйсафед қатори дигар ҳамдиёрон кошонаи бобоиро партофта, он сӯи марз гузашт. Ҷудоӣ аз ватан, зодгоҳ ва хешу ақрабо дилашро панҷа мезад. Ӯ ва кампираш, ки ашки ҷудоӣ аз ватан аз чашмонашон хушк намешуд, худро берун аз марз дар ватани бегона диданд. Муҳоҷири иҷборӣ аз дасти ҳамватанони дунёхоҳ гардида буданд. Пораи нони хушк ва пиёлаи об, ки мазаи оби ватанро надошт, қути лоямуташон буд. Зимистонро бо азобу машаққат, зери чодар паси сар карданд. Баҳори деринтизор расид, вале ин баҳор барояшон чизе наовард. Наврӯз бе суманаку ҳафтсину ҳафтшин гузашт. Бодомҳои ватани бегона барои гурезаҳо гулафшонӣ накарданд, парандаҳои хушхон ба шохаи бодомҳо наменишастанд, магар онҳо ҳам азо доштанд.
Мӯйсафед ба ватан аз он сӯи марз танҳо баргашт. Ҳамсари азизу меҳрубонаш аз ғами дурӣ аз ватан дар хоки бегона абадӣ монд...
Аз тирезаи кушода, ки ба машоми мӯйсафед бӯйи гули бодом мерасид, як села парастуҳо даромада, фазои хонаро дигаргун намуданд. Дари хонаи мӯйсафед кушода шуду наберагон бо дастагулҳои рангоранг ба хона даромаданд. Садои болзании парандагон ва хандаҳои беғаши наберагон мӯйсафедро ба олами зиндагии хушбахтона баргардонид. Ӯ аз рахти хоб бе кумаки касе бархест. Чашмонаш дурахшиданд. Вуҷудашро шодиву фараҳ фарогирифт. Табассуми фарохи шодиовар рӯяшро зеб медод. Умедаш ба зиндагӣ бештар гашт...
З. ҲУСЕЙНОВ
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30