Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » А. Амангелдиева: «Забони тоҷикиро дар донишгоҳ омӯхтам»


А. Амангелдиева: «Забони тоҷикиро дар донишгоҳ омӯхтам»




Имрӯз дар Тоҷикистон намояндагони халқу миллатҳои гуногун умр ба сар мебаранд, ки ҳамаи онҳо дар пешрафт ва шукуфоии ватани азизамон саҳми калон гузошта истодаанд. Сокинони туркмантабор ки шумораи зиёди онҳо дар ноҳияи Дӯстӣ истиқомат мекунанд, имрӯз дар Тоҷикистони сермиллат соҳибмақому эҳтиромдор ҳастанд.

Мувофиқи маълумотҳо дар ноҳияи Дӯстӣ имрӯз 14 ҳазор намояндагони миллати туркман зиндагӣ намуда истодаанд.

Фарзандони ин миллатро имрӯз дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, маориф, тандурустӣ, нақлиёт, иқтисодиёт, бонкдорӣ, коммуналӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо вохӯрдан мумкин аст. Туркманҳо ба таълиму тарбияи фарзандон ва саводнок намудани онҳо таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷавонони туркмантабор дар баробари дигар фарзандони Тоҷикистон таҳсил намуда истодаанд. Яке аз туркмандухтароне, ки дар ин боргоҳи илм таҳсил дорад, Айна Амангелдиева мебошад.

Ҳангоми таҳсил дар муассиса Айна дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаълона иштирок намуда, дар чандин озмуну олимпиада сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст.

-Вақте муассисаи таълимиро хатм кардам, хостам ба донишгоҳ дохил шавам. Ин хоҳиши маро падару модарам фаҳмида, иҷозат доданд, то соҳибмаълумот шавам.

Инак, ман дар риштаи журналист-тарҷумони ин донишгоҳ таҳсил намуда истодаам, - мегӯяд Айна.

Ба гуфтаи Айна, ӯ маҳз пас аз дохил шудан ба донишгоҳ ва омадан ба маркази вилоят забони тоҷикиро аз ҳамсинфонаш беҳтар ёд гирифтааст.

-Мо дар хона, мактаб ва кӯчаву маҳаллаамон бо забони туркманӣ гап мезадем. Каму беш забони тоҷикиро медонистам, дар баён кардани фикр ба забони тоҷикӣ душворӣ мекашидам. Баъди ба Бохтар омаданам ва пайдо намудани дӯстони зиёд, забони тоҷикиро омӯхтам. Имрӯз ман фикрамро озодона бо забони тоҷикӣ баён карда метавонам, - нахустин рӯзҳои таҳсил дар донишгоҳашро ба хотир оварда нақл мекунад Айна.

Латофат Пирова,
коромӯзи рӯзномаи «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода