Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Кист модар?


Кист модар?




Кист модар?
Он ки файзу офият бахшид,
Бо фузуданҳову бо дарку шикастанҳо,
Рӯи роҳи зиндагӣ рахшид.
Кист модар?
Пайкаре, ки дардро нашнохт,
Ҷисмҳои нав ба дунё дод,
Сӯхт, аммо зиндагиро сохт.
Кист модар?
Он ки рӯзу шаб нафас бишмурд,
То саҳар шабзиндадорӣ кард,
Қиммати худ то фалакҳо бурд.
Кист модар?
Чилчароғи ошёни мо,
Меҳрпардозу вафоовар,
Роҳбону роздони мо.
Кист модар?
Силаи раҳмаш бақои умр,
Як фаришта, як азизи дил,
Кадхудои хонадони мо, ҷонфидои умр,
Модари мост.
Оре, оре, модари мост,
Модари ғампарвари мост.
Он, ки моро тарбият бахшид,
Аввалин устоди умри мо,
Аввалин африштаи зебо.
Дар каломаш лутфу раҳмат буд,
Поку ширин бо муҳаббат буд,
Дар сурудаш дарки шафқат буд.
Аллаҳояш мисли номаш то абад зебост,
Бебаҳои мост.
Бо ҳавас бар рӯи мо хандид,
Роҳ рафтанро ба мо омӯхт,
То ба каҷроҳӣ наандешем,
Пойандози шарофат дӯхт.
Қиссаи мардонагиро хонд,
Дар ҳавои ишқи Меҳан,
Ҳам навои хушмуродиро
Бо нигоҳи меҳр созиш дод.
То ҳақиқатро пазируфтем.
Модари раҳдури зебоям
Чашм бар роҳ асту танҳо аст.
Мо пайи дунёву дилбозӣ,
Модари мо ғарқи ғамҳо аст.
Бо дуои хайри ӯ шодем,
Сарбаланду хонаободем.
Кист пас модар?
Ӯ магар бахшандаи мо нест?
Саҷда дорад ҳар замон бар Кирдугори хеш,
То амон бошем,
То набинад дарди фарзанди азизашро,
Нашъа мегирад ҳам аз Парвардигори хеш.
Мо чӣ кардемаш?
Мо магар андар вафояш бовафо будем?
Як нафас бо ҷони зораш ҳамнаво будем?
Ё ба дардаш марҳаме аз лутф бахшидем?
Рӯи пурожанги ӯро нек бӯсидем?
Вақти аз дунё гузаштан, бачаам мегуфт,
Сӯзиши ӯро ҷавобе буд?
Дар сари гӯраш дуо гуфтем?
Рӯи хонаш шамъ афрӯхтем?
Шояд оре, шоядам не,
Ҳар чӣ кардемаш ба қадри ҳимматаш кам буд,
Як муҷалло, поктинат, як муаззам буд.
Кист модар?
Он, ки файзу офият бахшид,
Пайкаре, ки дардро нашнохт,
Рӯи роҳи зиндагӣ рахшид,
Қиммати худ то фалакҳо бурд,
Модари ғампарвари мо буд.

Содиқ модарам

Тифли ман ҳар субҳ мепурсад зи ман,
Модари ҷонам, куҷо дорӣ шитоб?
Лаҳзае биншин, ки дар оғӯши ту
Баҳри ман ширин бигардад нозу хоб.
Нахли умрам, ҷони ширинам, бубахш,
Зиндагонӣ ҳаст баҳри пурхурӯш.
Меҳру ишқу ҳастиям моли ту аст,
Бо муҳаббат бӯса мерезам ба рӯш.
Меравам дар роҳи Савганду вафо,
Хизматамро аз дилу ҷон мекунам.
Дар талоши ҳақ муроде оварам,
Мардумонро мушкил осон мекунам.
То туву тифлони зебо мисли ту,
Бол бикшоянд дар боғу чаман.
Дар фазои амн хушҳолӣ кунанд,
Арҷ бигзоранд бар хоки Ватан.
Бо нишони нангу номуси баланд,
Меравам, ҷонам, ки шодӣ оварам,
Ман вафодорам ба халқи кишварам,
Дар пайи Савганд, содиқ модарам.

Офоқ Ҷумъахонзода

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода