Модар дар номаи дил
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 329
«Модар - сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз нубувватбахшои рӯзгори мо инсонҳои заминӣ, ки бо ҳузури шарифашон ба мо паëми комширинкунанда медиҳанд, яке аз офаринандагони рисолати зебоӣ - модарони азиз иди дилпазириву ошноӣ доранд.
Модарони фарзонахӯи мо, воқеан коми мо фарзандони маъсумашонро бо инояти халлоқӣ аз ҳарфу ҳиҷои муҳаббат солҳост ширин месозанду ба гӯшу ҳушамон шеъри ноби зиндагӣ месароянд. Шакаррезаҳои забони ноби миллиро маҳз модаронамон чун устоди бомаҳорати сухан нозукона гирд меоваранду дар коргоҳи эҷодии хеш дар қолаби қанди порсӣ мерезанд ва комҳои мо -насли дар ҳолу ҳавои имрузин ба камол расандаро бо саодати азалии сухан ширин менамоянд. Моро ҳамвора ба хуррамкадаи субҳ фаро мехонаду пардаҳои шаб ва бешуоиро мешикофад. Он сон, ки философ Гёте дарҷ медорад: «Зан шарики зиндагонӣ ва ёри соатҳои дармондагӣ аст».
Модар дар таърих
Шоҳиди бегазанди давр ин таърих аст, ки тоҷикон қадимтарин сокинони Осиёи Марказӣ буда, модари тоҷик дар тӯли таърих дар баробари тарбияи фарзандони фарзонаи миллат боз дар баробари мардони шуҷоъ тавонистаанд Ватанро аз вартаи ҳалокат ба арсаи саломат оварда бошанд. Таърих номи олиҳаи зебоӣ ва ҷасорат Гурдофариди сафшикан, номи занҳои муборизу ватанпарвар чун Томирис, Рухшона, Маликаи Бухордухт, шоҳ Бика ва даҳҳо модарони моро ёд дорад, ки барои истиқлолу озодии мардум ва сарзамини худ бо аҷнабиён талош кардаанд. Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам бори аввал (соли 1995) дар кори Конфронси IV ҷаҳонии занон дар шаҳри Пекин тоҷикзанон ширкат варзидаанд.
Томирис, Пантеа, Зебуннисо, Ҳусноро Мирзоева, Зебуннисо Рустамова ва чандеи дигар аз шумори чунин шахсоне ҳастанд, ки мо онҳоро пешқадами Тоҷикистон меҳисобем.
Барҳақ, модари тоҷик барои миллат бузургтарин фарзандонеро ба монанди Шераку Спитамен, Деваштичу Муқаннаъ, Восеъ ва Темурмалик, Шоҳтемуру Нусратуллои Махсум, Бобоҷон Ғафурову Садриддини Айнӣ ва ҳазорони дигарро эҳдо намуд, ки дар поягузории Тоҷикистони маҳбубамон ҷонбозиҳо намуда буданд. Садри муътабари мамлакати офтобиамон дарҷе доштанд дар андак маърузаҳои хеш, ки он ҳам перомуни шуҷоату далерии занон дар замони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ асос меёфт, ки: -«Номи Ойгул Муҳаммадҷоноваи лочин, София Ниёзии табиб, Туҳфа Фозилова ва София Туйбоеваи ҳунарманд, Розия Озоди шоира ва даҳҳо нафар модарон, хоҳарон дар таърих абадан зиндаанд». Сарвари давлати мо дарси пуршуру талхи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми қарни гузаштаро омӯзандаву захми дардноке барои модарони тоҷик маънидод намуда, ба модарони тоҷик муроҷиат карданд, ки ман ба занону модарони боору номуси тоҷик эътимоди амиқ дорам.
Ҳудуди фаъолияти сулолаи маъруфи Ҳахоманишиён табақоти занон ҳаққи моликият ва ирс доштаанд ва дар артиш ба кор мепардохтаанд. Аз бономтарини онон бону Ортамис буда, ки дар набардҳои Ҳушёр ба Юнон бевосита ҳузур пайдо намудааст. Падари таърих Ҳеродоти юнонӣ аз ҷасорати оламгири занони порсои порсӣ зикре дошта, аз забони Ҳушёршоҳ наққолие пеш меоварад, ки: «Эй кош, мардони иронӣ ба андозаи Ортамис шуҷоат доштанд». Ҳамчунин, дар сангнигораҳои Тахти Ҷамшед тасвири бисёре аз занон дар канори мардон дида мешавад, ки ҳузури онҳоро дар зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсию маданӣ таъйин мекунад.
Агар ба хулосаи пажуҳиши академик Ю. Яъқубов бингарем, дармеёбем, ки худи вожаи «зан» аз калимаи замин манбаи ҳастӣ мегирад ва ба тимсоли он боровар аст. Аз ин нуктаи назар ҳам, дар асари маъруфи «Авесто» фариштаи Исфандормуз ҳомии дӯшизаҳо, занону бонувон низ дониста мешавад. Аз ин ҷост, ки заминро ниёгони мо модари дуюм мепиндоранд.
Салоҳоварии модари тоҷикро бингаред, ки ҳатто дар пойбарҷогардонии сулҳи таърихии миллату истиқрори тоҷикон дар паҳлуи раҳбари собитқадами хеш истода, дар ин пайкори шоиставу фардосоз як силсила бонувони матиниродаи миллат ба амсоли занони сиёсатмадор чун Адолат Раҳмонова, Бозгул Додхудоева, Гулафзо Савриддинова, Рафиқа Мусоева, Қиматгул Рустамова ва дигарон саҳми мондагори хешро гузоштаанд. Ва аз ин ҷодаҳо метавон бар он андешае даррасид, ки Иқболи Лоҳурӣ мегуфт: «Зан - қонуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббат ва дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст».
Модар дар рӯзгор
Дар ин нукта хостам ба ҳаёти модари хуби худ назаре кардаву чанд тухми андеша ин ҷо кошта бошам. Ҳанӯз ёдам аст, ки тифли маъюсу ба омӯзишу дастгириҳо ниёзгоре будам, ки модарам маро бо эҳдои «Алифбо» ҳарфу ҳиҷои муҳаббат омӯхту бо гирифтани дастам маро ба пайроҳаи ҳаёт роҳравон гардонид. Эътимод кунед, ки ҳар сабоҳи пайи омӯзишгоҳ азм карданам, модарам буд, ки маро бо ширчою қаймоқи холиси аз маҳсули кори худ омода кардааш маро сер карда, баъд иҷоза ба рафтан медод. Ҳол он, ки ман ҷавони барно гаштаам, лек ҳар даму ҳар лаҳза барои ҳамон дастпухти модарам, ки қурутоби хуштаъме гуфта ҳама узви оила тақозои айём ва ё ҳукми тақдир аст, ки мову модар андаке зи ҳам дур. Ман хуб ёд дорам, ки ба ман ояти шукргузориро модар омӯхта буд.
Муддате пеш дар сарзамини бузурги Чин қарор доштам ва пайи як озмоише будему модар дамодам бо занги худ аз ману ҳолу ҳавоям пурсон мегашт ва вақте паёми пирӯзии ин писари раҳдурашро аз Чини бузург ба модарам даррасонидам, ҳамон дам гӯё модарам ба ҷойи банда соҳибҷоиза гашта бошад, ки нишоташ аз фараҳмандии ман дида азиму мутаасиркунанда буд. Ва он дам як сухани бисёр пурганҷе модарам дар хати алоқа дарҷ намуд, ки: «Замоне ту шашмоҳа будӣ, ман туро гирифта ба меҳмонии ҳамсояамон холаи Заҳро рафта будам ва он айём писари Заҳро дар Маскав дар ким-кадом озмуне дастболо шуда буду ман низ ҳаваси ба мисли ӯ шудани туро карда будам ва имрӯз шодии онрӯзаи ҳамсоязан Заҳробонуро ман худ таҷриба дорам. Табрик писарам, ту арзандаи беҳтаринҳоӣ..!»
Ҳазрати Пайғамбар ҳам манзалату ҷойгаҳи модарро волотару фаротар аз ҳама чиз хондаанд. Мусаллам аст, ки аз ин ҷинси латиф пайғамбаре нест, вале ҳама пайғамбарзодагон парваридаи домони поки модаранд.
Нусратмандии аввалини маро ҳам ин модар буд, ки ба сони шоиста пазироӣ намуда буд. Он замон банда дар синфи сеюм мехондам, ки аз риштаи тасвиргароӣ ба мақоми дувум ҳамдаст гашта будам. Вақте бо номаи сипоси таълимгоҳ ба манзилгоҳамон омадам, маҳз ҳамин модарам буд, ки сараввал шодбошам карду пасон бо як оши палави сирф миллӣ ҷашни нусратмандии маро гирифтем, мо - яъне модару писар. Дар ин хусус, ёдам омад, ки замоне як китоби Оноре де Балзак дар даст доштаму аз дохили он як ҳикмати волое дарёфтам, ки муаллиф гуфта буд: «Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббатеро беҳтар, хубтар ва воқеитар аз муҳаббати модари худ дарёбед».
Дар ҳолу ҳавои русто модарам қаҳрамони ман гаштааст. Ҳар гоҳе меҳмони ӯ мешавам, модар бо ҳамон чити сафеди қадимиву бо ҳамон абрувони пайвастаи усмакашидааш, шодона маро истиқбол мекунаду бо он дастони райҳону гашнич кишт кардааш рӯю сари фарзанди андармонашро сила месозад, ки он дам вуҷуди мо маҳзари оромишу дармон мегардад. Ҳакими Машриқзамин мегуфт, ки он хонае, ки модар нафас мегирад ҳеҷ гулдоне хушк нахоҳад шуд.
Дар воқеъ, модари ман ихтисоси зиндагии худ кардааст пайванду парвариши гулҳоро, ҳам дар боғзорамону ҳам дар гулдонҳои рафи хона. Ҳатто гулҳои камолдодаи ӯ назди оинаи манзили бибикалонам Хурсанойро низ нузҳату зебомаромӣ мебахшад.
Модари маҳбубам, агарчӣ мо дар ин мақому ҷойгаҳем вале маро доиман ҳамон тифли хурдсоли худ медонад.
Модарҷони яктоям Робияхон Амонӣ, ки дар фазои хонаводаи тоҷиру китобхон камол ёфтаанд, имруз маро дарси маърифатшиносӣ медиҳанду сабақи бахши иқтисодӣ. Ёдам омад, ки то синфи 5 хонданам ҳар шабонгоҳ модар бароям аз «Маснавии маънавй»-и Мавлавӣ қиссаҳо мехонду аз корнамоиҳои фарзандони диловари тоҷик ба монанди Шераку Темурмалик ривоятҳое менамуд.
Модарам шоир набуд, вале нигоҳи гармоии ӯ фарзандашро имрӯз шоир сохтааст. Ҳарфи ӯ зери лаб пайваста ин буд, ки: «Эй ҷон писарам, калон шаву ба хидмати ҳамзамонон ҳамдаст гард ва ҳамеша дар роҳи дуруст бошу дурӯғ нагӯ.
Аз ту, Умеди азизам, ман шоистакориҳои азимеро умед дорам. Роҳат ба сӯи зиндагии босаодат сапед боду хотири аҳли башар ҷамъ...!».
Сипос, модари ҷон, ки ҳастӣ. Дӯстат медорам бекарона ва шояд ин сабқату ин рӯзномаи дилошное чун рӯзномаи «Хатлон» як василаи хуби ошногардии ту бо ҳарфи дили мани раҳдурат гардад. Пас, табрик ин иду ин тантанаву ин зебоӣ баҳри туву баҳри ҳама модарони башар!
Модарам, олиҳаи покии ишқ,
Бо дили покиза покам зодаӣ.
Аз вуҷуди поки худ чун меҳри пок
Шири поки модариям додаӣ!
Умедҷон АМОНӢ,
шаҳри Душанбе
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00