Хизмати арзандаи Бобоҷон Ғафуров дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 185
Бобоҷон Ғафуров нахустин фарди тоҷикест, ки барои навиштани сарнавишти халқи худ камар баста, ба дараҷаи доктори илмҳои таърих ноил гашта буд.
Устод Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муаррих барои инкишофи илми таърих ва соҳаҳои бостоншиносию мардумшиносӣ саҳми босазо гузошт. Бо ташаббуси ӯ Академияи мустақили илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфта, дар назди он Институти таърих ва бостоншиносию мардумшиносӣ ба номи Аҳмади Дониш ташкил ёфт. Бо таклиф ва дастгирии ӯ шарқшиносони барҷастаи рус ба ин академия шомил шуда, тадқиқотҳои бостоншиносию мардумшиносиро бо якҷоягии олимони тоҷик боз ҳам амиқтару васеътар ба роҳ монданд.
Устод Бобоҷон Ғафуров дар баробари тайёр намудани кадрҳои баландпоя дар соҳаи илми таърих, бевосита дар тадқиқотҳо ширкат меварзид. Вай кӯшиш ба харҷ медод, ки ягон тарафи таърихи тоҷикон норавшан намонад. Аз ин рӯ, бо ташаббуси ӯ соли 1968 Симпозиуми байналхалқӣ дар масъалаи омӯзиши давраи Кӯшониён дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар он Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи «Давраи Кӯшониён ва тамаддуни башарӣ» баромад намуд. Дар арафаи ин конференсия сарварон ва олимони тоҷикро ба ин Симпозиуми байналмилалӣ омода сохт. Ба ноҳияҳое, ки ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида мешуд ва ёдгориҳои таърихӣ мавҷуданд, мактуб ирсол намуда, онҳоро таъкид месохт ва дастур медод, ки дар ин маъракаи бузурги байналхалқӣ обрӯю эътибори тоҷиконро баланд бардоранд.
Ҳанӯз дар вақти навиштани таърихи 70-солагии азхудкунии водии Вахш дар соли 2003 ман аз бойгонии вилояти Хатлон (дар шаҳри Бохтар) аз фонди котиби аввали ҳизби коммунистии ноҳияи Колхозобод (ҳозира ноҳияи Ҷ. Балхӣ) Сироҷиддин Исоев ду мактубро дастрас намудам, ки яке аз онро Бобоҷон Ғафуров то оғози конференсия ба унвони С. Исоев навиштааст, дигарашро аз номи Институти шарқшиносии шаҳри Москва ба номи Патрис Лумумба ҳамчун сипосгузорӣ баъди конференсия ирсол намудааст. Дар ҳар ду мактуб имзои Б. Ғафуров мавҷуд аст. Бобоҷон Ғафуров даъват мекард, ки ёдгориҳои таърихро чун гавҳараки чашм эҳтиёт карда, онҳоро на фақат ба маскани зиёрат, ҳамчунин ба маскани тадқиқот табдил диҳанд.
Кӯҳансолони шаҳри Бохтар ба ман як воқеаро нақл карданд. Соли 1954 Бобоҷон Ғафуров ба водии Вахш сафари корӣ карда, ба шаҳри Бохтар ворид мешавад. Роҳи асосӣ то идораи котиби аввал, яъне то маркази шаҳр аз наздикии “Теппаи Қӯрғон”-и таърихӣ мегузашт. Бобоҷон Ғафуров мебинад, ки як экскаватор ба мошинҳо аз хоки теппа бор карда истодааст. Мошини хизматиашро қарор дода, ба назди коргарон рафта, мепурсад: «Бо иҷозати кӣ шумо хоки ин теппаро ба мошинҳо бор карда истодаед ва онро куҷо мебаред?»
-Бо супориши калонҳои шаҳр, барои сохтмони кадом як иншоот,- ҷавоб доданд коргарон.
Бобоҷон Ғафуров ронандаи мошини хизматиашро равон карда, супориш дод, ки ба зудӣ котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) Усмон Муминов ва раиси комиҷроияи шаҳр Ҷумъабой Ҷалиловро ёфта, ба инҷо биёранд. Вақте ки шахсони масъули шаҳр омаданд, Бобоҷон Ғафуров ба онҳо кинояомез савол дод: «Рафиқон, шумо ном ва таърихи ин шаҳри бостониро нест карданӣ-мӣ? Ин коратон хиёнат ба таърихи халқи тоҷик нест-мӣ, ҷанобон?»
Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби коммунисти шаҳри Бохтар ҷаласаи васеъ бо иштироки фаъолон баргузор гардид. Роҳбарони шаҳр ва айбдорони асосӣ, аз ҷумла котиби аввали Кумитаи марказии шаҳр ҷазои сазовор гирифтанду хоки теппаро ба ҷояш баргардониданд.
Инак, теппа ҳамчун ёдгории таърихӣ дар маркази шаҳр воқеъ аст, ки он зеби шаҳри Бохтар мебошад. Мутаассифона, сирри дохили ин хоктеппа дар саҳифаи таърих доғи сафед аст.
Дар давраи роҳбарии аллома Бобоҷон Ғафуров тадқиқотҳои мардумшиносӣ низ дар қаламрави Тоҷикистон хеле хуб ба роҳ монда шуда буд. Дар ин соҳа низ олимон тадқиқотҳои назаррас ба ҷо овардаанд. Дар натиҷа асарҳои гаронбаҳо дар ин ҷода пайдо гардид. Масалан, «Таджики долины Хуф»-и М. С. Андреева, китоби сеҷилдаи «Таджики Каратегина и Дарваза», «Культы и ритуалы Кушанской Бактрии» Б.А.Литвинский ва А.В.Седов, «Средневековая культура Тохаристана» Б.А.Литвинский ва В.С.Соловёв ва даҳҳо асарҳои дигар ба дунё омад, ҳамаи онҳо густариши илми таърихи тоҷикро нишон медиҳанд.
Бале, устод Бобоҷон Ғафуров дар ҳақиқат муаррихи муосири барҷастаи халқи тоҷик ва Шарқ буд. Ӯ ба олимон шароит муҳайё месохт, бо онҳо ҳамкорӣ мекард. Аз дастовардҳои олимон шод мешуд ва дар вақтҳои лозимӣ ба онҳо дасти ёрӣ дароз мекард.
Маҳмадқул Изатуллоев,
омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00