Барои амалишавии иқдоми нек саҳмгузор бошем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 327
Дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеи мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатманишу инсонмеҳвар дониста мешавад. Дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тавсеаи донишҳои ҳуқуқӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯза ба шумор рафта, Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои ташкили ҳукумати конститутсионӣ дар соли 1992 ба ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим ва барномаҳои алоҳидаро таҳияву қабул намудааст.
Гузашта аз ин, асоси ташкиливу ҳуқуқии маҷмуи чорабиниҳои хусусияти омӯзишиву таблиғотидошта ба хотири маърифати баланди ҳуқуқии табақаҳои гуногуни аҳолӣ фароҳам омад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлуҳои зиндагии ҷомеаро фаро гирифт ва роҳҳову самтҳои инкишофро муйаян намуд. Нуктаи асоситарини татбиқи ин ислоҳот қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 мебошад, ки таҷассумгари бақои давлату миллат аст. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вазифаи муҳимтарини давлате маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст.
Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, ба равандҳои рушд ва таҳаввул дар ҷомеа такон мебахшад. Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва нақши калидии шаҳрвандони аз нигоҳи ҳуқуқӣ бомаърифат дар таъмини пешрафти давлатдории миллӣ дар пайи татбиқи иқдомоти пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат заминаи мукаммали ҳуқуқию қонунӣ фароҳам омадааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ чунин қайд намуданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».
Иқдоми наҷиб соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидан ба дурнамои неки таҳкими низоми демократӣ, ҷомеаи адолатпарвару ҳуқуқмеҳвар ва қонунсолор мусоидат менамояд. Воқеан, ҷомеае, ки ба инсонҳои бомаърифат ва тарбиятдида такя мекунад, аз шикасти ирода ва таназзул эмин буда, ба пирӯзии сартосарӣ ноил мегардад. Шуурнокии ҳуқуқии шаҳрвандон аз бисёр ҷиҳат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари эътибори он дар миқёси ҷаҳони муосир аст. Месазад, ки дар партави иқдомҳои дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандон дар доираи эълони соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баҳри боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон даст ба кор бошанд ва сифати баланди баргузории чорабиниҳои нақшавиро дар ин самт татбиқ намоянд.
Имрӯз дар мамлакат вазъи ҳуқуқии тамоми соҳаҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мегарданд ва таҳким меёбанд. Мавҷудияти базаи мустаҳками қонунгузорӣ рушди пайвастаи соҳаҳои мамлакатро таъмин намуда, ба омилҳои асосии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ замина мегузоранд. Тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро ҳадафи имрӯзу ояндаи инкишофи худ қарор додааст. Дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузургу ҳалкунанда дорад ва ҳамагуна муносибатҳо дар асоси ҳуқуқ ва қонун танзим карда мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии табақаҳои мухталифи ҷомеа тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин самт як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст. Ҳоло дар мамлакат барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ шуда истодааст. Барномаи мазкур дар шароити кунунӣ бағоят муҳим буда, зарур аст, ки муқаррароти он ва дар ин замина муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни қишрҳои гуногуни аҳолии мамлакат аз ҷониби масъулини мақомоти дахлдори давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мунтазам тарғибу ташвиқ шаванд, то ба ин васила маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат боло равад. Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.
Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккулу инкишоф ва рушду таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.
Зимнан бояд гуфт, ки агар қабули қонунҳо, сифату табиати иҷтимоӣ ва механизми амали онҳо масъалаи марказӣ бошанд, пас татбиқи мустақими онҳо дар ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва ин ба сатҳи тафаккури ҳар як нафар алоқаманд аст. Дар давлате, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя ва эҳтиром карда мешаванд, рӯ ба инкишоф меорад. Дар ҷомеа тартиботи ҳуқуқӣ дуруст риоя шавад, пешрафт муяссар гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар амал татбиқ мегарданд.
Яке аз сабабҳои асосии содиршавии ҷиноятҳо вайрон намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи шаҳрвандон мебошад. Бояд гуфт, ки донистани ҳуқуқ вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Шаҳрвандон бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқиро донанд ва риоя намоянд, зеро дарки моҳияти санадҳои ҳуқуқӣ мавқеи шахсро дар ҷамъият боло мебарад. Нафаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқиро медонаду аз талаботи онҳо бохабар аст ва риоя менамояд, метавонад, ҳуқуқҳои худро ҳифз намояд. Риоя, дарк ва эҳтироми қонунҳо дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл омадааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад».
Ин меъёри конститутсионӣ шаҳрвандонро боз ҳам водор месозад, ки дар самти риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда пешоҳанг бошанд.
Хотирнишон бояд кард, эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маърифати баланди ҳуқуқиро тақозо менамояд, бидуни он арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, аз қабили волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодӣ, ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд, комилан амалӣ шаванд. Эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои аз худ намудани донишҳои ҳуқуқӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва дигар қонунгузории амалкунандаи мамлакат аз ҷониби шаҳрвандон ва дар раванди эъмори давлати ҳуқуқбунёд саҳм гузоштани онҳо натиҷаҳои назаррасро ба бор хоҳад овард. Рушди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дошта, барои ташаккули маърифати ҳуқуқӣ бояд аҳамияти аввалиндараҷа дод. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи иқдоми «Соли маърифати ҳуқуқӣ» хуб мешуд, ки аз ҷониби намояндагони муассиса ва идораҳои дахлдори давлатӣ бо иштироки доираи васеи табақаҳои мухталифи ҷомеа чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ бештар ба роҳ монда шавад. Зеро баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат барои пешгирии қонунвайронкуниҳо, таъмини волоияти қонун, риояи Конститутсия ва қонунгузории амалкунандаи мамлакат, инчунин, эътирофу эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.
Давлатёр ВАЛИЕВ,
корманди «Телевизиони Тоҷикистон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...