Модар аз табори фаришта аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 390
Эҳтироми модар ва расидан ба қадри зан рисолати мардонагӣ ва вазифаи ҳар як инсон аст. Замири дили модар фарогири меҳру муҳаббат ва садоқату самимият буда, дуои некаш роҳкушову роҳнамои мо-фарзандон мебошад. Мо он замон рисолат ва қадри модарро заррае адо карда метавонем, ки бедорхобиҳои модар, азобу ранҷ ва шири поку ҷоннисориҳои модарро эҳсос намоем.
Мардуми тоҷик аз азал эҳтироми зан-модарро ба ҷо овардаанд. Адабиёти чандинасра ва ҷовидонаи тоҷик ҳамеша аз ҳусну малоҳат, далериву шуҷоат ва сабру меҳнати зани тоҷик васф кардааст.
Ҳақ бар ҷониби шоир Низомии Ганҷавӣ аст, ки мефармояд:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Чӣ тавре ки мебинем, ин байт дорои фалсафаи бузург аст, ки бузургии модарро фарогир мебошад. Ҷаннате, ки мо орзу мекунем, дар зери қудуми модарон аст. Пас месазад, ки эҳтироми модаронро ба ҷо орем.
Вақте ки дар ҳар куҷо сухан дар бораи модар меравад, ҳар як фард беихтиёр чеҳраи модари худро пеши назар меораду ҳарфе сабт ва иборае тараннум менамояд. Ба хона ворид шуда, ҳамон замон эҳсос менамоӣ, ки касе мисли модар истиқбол намегирад. Аввалин касе, ки бароят оғӯш мекушояд, ин модар аст. Вазифаи бузург ва аввалиндараҷаи зан -модар ин тарбияи фарзандони солеҳ, ватанд ӯсту хештаншинос, шуҷоъу зирак, адолатпарвару созанда мебошад. Хушбахтона, модари тоҷик аз азал ин масъулиятро бо сари баланд ва қаҳрамонона оварда расонидааст.
Дастгирии занону бонувон дар замони соҳибистиқлолӣ бевосита аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи зарурӣ амалӣ шуда, боиси ҳарчи бештар фаъол гаштани нақши занон дар ҷомеа гаштааст.
Мавриди зикр аст, ки Сарвари давлат дар ҳар як баромад ва суханрониҳои худ ба масъалаи дастгирии занон диққати хосса дода, ҷудо намудани имтиёзҳо ва баланд бардоштани мавқеи зан дар ҳамаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти хоҷагии халқро амри зарурӣ ҳисобид.
Имрӯзҳо бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини иштироки занон дар сатҳи қабули қарор, намояндагии эшон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти онҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бисёр назаррас аст.
Сарчашмаи ташкили оилаи солим ва таъмини муҳити пур зи муҳаббат аз замири қалби зан-модар оғоз меёбад.
Афзалшоҳ Сироҷиддинов,
магистранти ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...