Мо сипоҳи туем...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 244
Хизмат кардан дар сафи Артиш бароям шараф аст. Ифтихор мекунам, ки либоси низомӣ ба бар кардаву баҳри ҳифзи Ватани азизам камар бастаам. Имрӯз шарафманд аз онам, ки ба ҳайси сарбоз адои хизмат намуда истодаам.
Аз хурдӣ орзу мекардам, ки рӯзе ман ҳам либоси ҳарбӣ мепӯшаму сарбоз мешавам. Мактаби миёнаро хатм намуда, бо даъвати Ватан ба сафи артиш шомил шудам.
Аз рӯзи аввали хизмат дар сафи Артиши миллӣ тамоми афсарон нисбат ба сарбозон ғамхорӣ намуда, мисли фарзанди худ муомила мекунанд. Сарбозон бошанд, мисли бародар, дӯст, акаву додар бо ҳам муносибат менамоянд.
Дар қисмҳои ҳарбӣ тамоми шароит барои будубош муҳайёст. Хӯрокҳои гарму серғизо, утоқ ва хобгоҳҳои гарм, тозаю барҳаво аз ҷумлаи он шароитҳое мебошанд, ки барои мо - хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби давлату Ҳукумат муҳайё карда шудааст. Ҳамзамон, сарбозони оиладор ҳар ҳафта ба рухсатӣ мераванд.
Як қувваи дигаре, ки мо- ҷавононро ба ҳам пайвастааст, ин пайдо намудани дӯстон аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азизамон мебошад. Дар ин ҷо дӯстони зиёдеро аз шаҳру навоҳии гуногун, аз ҷумла Мансур Сайфиддинов ноҳияи Данғара, Соҳибназар Эркаев аз ноҳияи Айнӣ Илёс Аминов аз шаҳри Душанбе пайдо намудам.
Имрӯз ман ҳамчун сарбоз – ҳомии марзу буми меҳан бо дилпуриву далерӣ ба тамоми ҳамватанон, махсусан модару падарон, хоҳару додарон, наврасон ва ҳамаи тоҷикистониён муроҷиат карда мегӯям, ки орому осуда бошанд. Шабу рӯзи шуморо имрӯз рустамони даврон, сипоҳу ҳомиён, ҷавонмардони сарсупурдаи Ватан, содиқону шуҷоатмандон таъмину ҳимоя менамоянд. Ин вазифаи мо-ҷавонмардон аст. Зеро то ба имрӯз расидан оромиву осудагии моро бобову падарон ва бародарони мо таъмин намудаанд. Анкун навбати мост.
Метавон бо итминони комил гуфт, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз беҳтар гардида, барои обутоб ёфтани сарбозон аз ҷиҳати ҷисмонӣ, сиёсӣ, маърифатӣ, ҳарбиву мардонагӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
Дар интиҳо, тамоми ҳамватанони гиромӣ, махсусан хизматчиёни ҳарбиро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи онҳо тансиҳатӣ, хушиҳои зиндагӣ, муваффақият дар корҳо ва ба Тоҷикистони азизамон шукуфоиву осудагиро таманно менамоям.
Ид муборак, ҳомиёни Ватан!
Рустам АСАДУЛЛОЕВ,
сержан
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...