Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Нақшаи андози иҷтимоӣ ва нафақа 111 фоиз таъмин гардид


Нақшаи андози иҷтимоӣ ва нафақа 111 фоиз таъмин гардид



Зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати молия дар минтақаи Кӯлоб Маъруф Ҷаъфарзода иттилоъ дод, ки қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо дар соли 2023 бо назардошти тағйироту иловаҳо ба маблағи 372,1 миллион сомонӣ муқаррар гардида, иҷроиши аслӣ 408,9 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта шуд, ки дар соли 2023 иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби муассисаҳои буҷетӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 111 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маблағҳо ба 198,5 миллион сомонӣ баробар шудааст. Аз ҷумла, шаҳри Кӯлоб 62 миллион сомонӣ (110 фоиз), Восеъ 42,3 миллион сомонӣ (153 фоиз), Ҳамадонӣ 17,8 миллион сомонӣ (115 фоиз), Муъминобод 14,9 миллион сомонӣ (98 фоиз), Фархор 23,4 миллион сомонӣ (99 фоиз), Ховалинг 16,1 миллион сомонӣ (93 фоиз), Темурмалик 11,2 миллион сомонӣ (99 фоиз) ва Ш. Шоҳин 10,8 миллион сомонӣ (101 фоиз) таъмин гардидааст.

Аз тарафи шуъбаи «аудит»-и дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб мувофиқи нақшаи корӣ дар соли 2023 дар 125 ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳо оид ба мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ таҳлилҳои интихобӣ гузаронидаанд. Дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ камбудиҳо ошкор карда шуданд,- гуфт М. Ҷаъфарзода.

Қайд гардид, ки аз камбудиҳои ошкоркардашуда маблағи 1,4  миллион сомонӣ, барқарор карда шуд, ки аз ин маблағ 200 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва 1,2 миллион сомонӣ ба фоидаи муассисаҳо барқарор карда шуда, 93 фоизи 
маблағҳои ошкоркардашударо ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода